Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Малоҳат ба соати калони пушти дари толори тарабхона нигарист, ақрабаки соат ба 18 наздик мешуд. То омадани Фарҳод на бештар аз як соат монда буд ва ӯ назди он мизи танҳо рафта навиштаҷотеро болояш гузошт: “Банд аст.” Сипас мизҳои дигари дар ҳамон гӯшаи толор бударо, ки хизматрасониашон ба душаш буд, як-як аз назар гузаронида, омодаи қабули меҳмонон шуд.
Мусиқачиён низ асбобҳои хешро баҳри қабули меҳмонон омода мекарданд... Малоҳат чашм дар роҳи Фарҳод буд...
...45...
“Ки бод овардаро боз мебарад бод”, мегуфт мӯйсафеди Камолиддин - бобои Асрор. Асрор дар кӯчаҳои шаҳр сарсону ҳайрон мегашт. Агар дигар вақт мешуд, ӯ эҳтимол ба назди Давлати Баҳром мерафт ва ёрӣ мепурсид. Не, акнун ӯ ин роҳро бо дасти хеш баста буд. Умуман, аз рӯ ба рӯшавӣ бо ҳамдеҳааш Давлат метарсид. Бубин, ки бо як амали ноҷо ӯ чӣ кор кард. ба гапи кадом як аблаҳе дода шуда, сари хеш дар бало монд. Магар шарт буд, барои Фарҳоди Аваз шуда чизҳои дуздидашударо бурда ба хонаи Давлат мондан? Некиро некиву бадро бад расад гуфтаанд ва он чӣ ки милиса Давлати Баҳромро сар додааст, ин худ исботи бегуноҳии ӯст.
“Давлатро ба дом андохтанӣ шуда, худ дар дом мондам. Шояд агар ҳамон вақт модарам ин хешбачаи лаънатиашро намедид, имрӯз ман ба ин варта намеафтидам. Агар рафту Фарҳоди Аваз фаҳмад ки милиса Давлати Баҳромро сар додааст, ӯ чун шоҳид манро зинда нахоҳад гузошт.
-Чӣ бояд кард? -Чӣ чора созам?” Сари ҳамин фикру андеша Асрор дар ҷояш истод ва ниҳоят хатти сайрашро дигар намуда, ба самти истгоҳе, ки нав аз пешаш гузашта буд, ҳаракат кард...
Асрор ба ёд оварданӣ шуд, ки ин субҳ бо кадом даст аз хоб хестааст, вале натавонист. То ҳодисаҳои шаби 30 ба 31 март ӯ сари ин масъала бисёр аҳамият медод ва ҳама бурду бохти хешро бо кадом даст сари субҳ аз хоб хестанаш медид. Аслан авлоди падариаш мардони худотарсу тақводор буданд ва ҳанӯз аз айёми кӯдакиаш ба ӯ гӯшрас намуда буданд, ки бо дасти рост хуфтан ва бо ҳамин даст аз хоб хестан фоли нек аст ва ризқу рӯзии касро афзун месозад. Барои фарзанди мусулмон ҳамин як сухан пандест, ки як умр дар гӯшаш садо диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор