Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Рафтору кирдори инсон ҳам чун офтоб бояд нурафшон бошад ва нагузорад, ки тираабре чун доғ садди роҳи нур гардад.
Нӯшин гуфт, ки Матлубаи Гурез муҳаббати озодро парастиш мекардааст, ана ёбу гир. Духтари мусалмон, соҳиби ҷоҳу ҷалол, хонаи обод ҳамсарро гусел намудаву худро ба оғӯши дигаре андохта...
Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки ӯ чӣ тавр баъди бозгашти ҳамсараш аз Бишкек бо вай рӯ ба рӯ мешавад. Рафту агар қотил қасди ҷони соҳибхона намуда буд, Худованд худ садди роҳи вай гашт ва зинокореро ҳадафи тир қарор дод, дар акси ҳол...
-“Чӣ дар акси ҳол?”- нидо омад аз замирам.
-Матлубаи Гурезро, нафареро ки пойбанди муҳаббати озод гашт, чун зиёнкор шарманда сохт.” Бо ҳамин фикру андешаҳо ман боз ба милиса омадам. Дар пеши бино бо лейтенанти калони милиса Бахтиёри Қурбоналӣ вохӯрдам.
-Ин қадар камнамо шуда рафтед? - баъди салому алейк пурсидам ман.
-Ба аёдати пиру кампир рафта будам, - бо чеҳраи кушод гуфт Бахтиёр.
-Ба Фархор?
-Ба Фархор,-гӯён Бахтиёр бандаро барои пой ба остонаи бино гузоштан ҳидоят намуд ва мо ҳарду вориди бинои коргоҳ шудем...
...9...
То омадани табар кунда меосояд. Шояд чунин ҳам бошад, вале...
Дар вазъе ки мо қарор доштем, мақоли мазкурро сармашқи кори хеш намудан дар ягон чаҳорчӯбаи зиндагӣ рост намеомад.
Ҳамаи инро сабаб он буд, ки мо дар як тарафи марз будему нафаре, ки нисбаташ таваҷҷуҳ зоҳир намуда будем, дар дигар тарафаш.
Чун мо нисбати гунаҳкории вай ягон далели аниқе надоштем, наметавонистем аз ҳамкорони хеш дар Бишкек оид ба боздошти эшон дархост намоем. Мо итминони комил доштем, ки тоҷир бармегардад, вале аниқ намедонистем, ки ӯ кай бармегардад. Аз нигоҳи мантиқ ҳам мо нақши эшонро дар ҳодисаи шаби 1 ноябр рух дода будӣ, аниқ намедонистем. Аслан ӯ метавонист фармоишгар дар ҷиноят бошад ва ё худ ҳадафи тири қотил қарор гирифтаю бо амри тасодуф ҷон ба саломат бурда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё