Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Чун аз аҳли тақво буд, ба дурустии ин сухан шаку шубҳа надошт ва мефаҳмид, ки ба каломи ҳақ шак овардан ин назди Офардигор гуноҳ аст, гуноҳи азим, То кунун ӯ боварӣ дошт, ки аз рӯи хусусиятҳои ирсӣ ба авлоди падариаш монанд аст, ҳарчанд дар ҷавонӣ ба рағми ҳамин хусусиятҳо рафта велосипеди писари ҳамсояро дуздид ва шаппотии обдоре ба бари рӯяш аз падар “туҳфа” гирифт...
Имрӯз бошад...
Асрор бовар кардан намехост, ки аз рӯи хусусиятҳои ирсӣ ба авлоди модариаш рафта. Ҳарчанд модараш Фотима зани поку поктинат буд, вале Асрор тақдири ду тағои дар маҳбас будаашро ба ёд оварда, дилаш гум зад. Баъзан хешу таборонаш мегуфтанд, ки ӯ бо тағояш Барзу монанд аст ва чун Барзуро ҳабс намуданд, дигар касе дар ин бора ёдовар нашуд ва ё намехостанд, ки дили писарбачаро озор диҳанд...
Охир кӣ мехоҳад, ки фарзандаш ба кадом як дузд монанд бошад ва шояд худи Фотима хешовандонро гӯшмол дод, ки писарашро ба тағои дуздаш монанд накунанд.
Монанд буд ё не, акнун барои Асрор муҳим нест, вале ӯ имрӯз ба хулосае омад, ки тақдир ӯро низ рӯзе чун тағояҳояш Орзуву Барзу ба маҳбас мепартояд ва гумон аст ки тайи солҳои наздик дигар ҳамин хел дар кӯчаҳои ин шаҳри зебо қадам занад.
Ҳарчанд ҳаво он қадар гарм ҳам набуд, вале ӯ тугмаи дуюми куртаи суфи сафедашро ҳам кушод. Чун тугмаро кушод, хаёл кард, ки нафасгириаш хеле осон шуд. Дар истгоҳ чун ӯ мусофирони зиёде омадани автобусро интизор буданд ва ӯ низ худро то омадани нақлиёт зери боми шишагини истгоҳ, ки соли гузашта сохта шуда ва ба ҳусни шаҳр ҳусни наве зам карда буд, аз офтоб панаҳ кард.
Акнун ӯро лозим буд, ки то омадани нақлиёт ба хулосае биёяд, ки оё ба назди Фарҳоди Аваз-марде, ки яке аз иштирокчиёни амалиётро дар пеши чашмаш ба қатл расонд, равад ё не.
Акнун аз он сад доллари аз хешбачааш чун ҳиссаи хеш гирифта ҳатто як тангаи зардак намонда буд. Байни чанд рӯз ӯ чӣ хел сарф кардаи он коғази сабзро ҳам нафаҳмид...
Чун автобуси хурд пеши истгоҳ истод, ӯ низ ба тарафи он ҳаракат кард. Рост гуфтаанд ки гурусна ба шер задааст. Автобус баъди ним соат ӯро ба истгоҳи наздиктарини маҳаллаи зисти Фарҳоди Аваз бурд ва акнун ӯ, ки нияти фаромадан дошт, нохост дар ҷояш истод, чунки худи Фарҳод ба автобус нишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор