Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун Фарҳод бо ронанда ҳисобӣ кард, чашмаш ба хешбачааш бархӯрд, ки ҳайрон-ҳайрон ба тарафи ӯ нигоҳ мекард.
-Асрор?
-Ҳа, ман.
-Дар ин тарафҳо?
-Гуфтам шуморо бинам.
-Пас чаро нафаромадӣ?
-Имконияти фаромадан ҳам нашуд.
-Чӣ хел?
-Охир шумо ба автобус шиштед ва ба фикрам фаромадани ман дигар маъние надошт.
-Ман ба як ҷо шитоб дорам, шояд пас гап занем.
-Вақти ман бошад, бисёр.
-Ҳоло ҳамин хел гуй?
-Ҳа, ҳамин хел.
Фарҳод муҳри хомӯшӣ ба лаб зад ва байни андешаҳои хеш дода шуд. Ду-се рӯз пеш ӯ бисёр мехост, ки Асрорро бинад, вале ҳамин лаҳза аз дидори хешбачааш шод нашуд. Ӯ, ки акнун ба тарбахона рафтанӣ буд, ҳеҷ намехост, ки Асрор ҳамроҳаш равад.
Вале аз рафтори хешбачааш маълум буд, ки ӯ чун магас ба ширинӣ нияти часпидан дорад. Аз он чӣ ки ӯ Асрорро ба ҳамин кор шарик кард, аллакай пушаймон шуда буд ва ҳаминаш намерасид, ки ӯро ҳамроҳи хеш ба тарабхона барад. Албатта, Малоҳат дар кор аст ва ба ягон ҷо намеравад, беҳтар ҳамин ки ӯ ҳамин ҷо, яъне ду истгоҳ пеш аз тарабхона фарояд ва дар гӯшае бо Асрор суҳбат намояд.
Дар истгоҳи навбатӣ Фарҳоди Аваз фаромад ва Асрор низ аз қафои ӯ берун шуд.
-Хуш, корҳо чӣ хел?
-Бад не.
-Ҳамшаҳрамон дар чӣ ҳол?
-Вай дар милиса,-дурӯғ гуфт Асрор.
-Тафтишот дар кадом поя қарор дорад?
-Намедонам.
-Инаш бад.

пешина
аз 429
навбатӣ