Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Чӣ магар ба милиса рафта мепурсидам?
-Рафта пурсидан хуб нест, вале бо ягон роҳ фаҳмидан мумкин.
-Майлаш, ман мекушам. Ҳа, дарвоқеъ, ман барои гирифтани ҳиссаи хеш омадам.
-Боз каме сабр намудан лозим.
-Охир аз байн ду ҳафта гузашт.
-Сабр ва боз сабр намудан лозим, канӣ бинем милисаҳо бо ҳамшаҳрамон чӣ мекунанд.
-Рафту тафтишот чанд моҳ давом кунад-чӣ?
-Давом намекунад. Охир мо дигар наметавонем ба таваккал роҳ диҳем.
-Мо аллакай ду бор таваккал кардем ва ба гумон аст, ки таваккали сеюм ҳам бароямон зиёне биорад.
-Чиро дар назар дорӣ? Дар куҷо ду маротиба ба таваккал роҳ додем?
-Ҳодисаҳои шаби 30 мартро дар назар дорам ва ба фикрам дигар қафонишинӣ суде надорад.
-Ба фикрам, ба фикрам, гуфта мешинӣ. Ҳама кор вақту соат дорад. Ҳамон вақт ки кор рост омад, мо бе ягон мамониат онро анҷом додем ва чун имконият пайдо шавад, он ҳамаро ба муомилот мебарорем ва ту ҳам ҳиссаи хеш мегирӣ.
-Ман мехоҳам худи ҳозир ҳиссаамро гирам.
-Гумон дорӣ, ки ман ҳама он чизро дар кисаам гирифта мегардам?
-Не, ман ҳеҷ гумон намекунам, вале ман ҳиссаи хеш гирифтан мехоҳам.
-Ҳоло ман вақт надорам ва бе фикри ҳиссаи худат ҳам нестам, чун ягон харидор пайдо шавад, аввал ҳиссаи туро медиҳам.
-Не, барои ман ташвиш накашед ва харидор ҳам накобед.
Беҳтар мешуд, ки ҳиссаи маро дар шакли натура медодед.
-Наход гумон кунӣ, ки ман туро фиреб медиҳам?
-Не, ман ҳеҷ гумон ҳам намекунам, вале ҳиссаи ҳақу ҳалоли хеш гирифтан мехоҳам.
-“Ҳиссаи ҳақу ҳалол” мегӯӣ, о худат фикр намо, ки дар он амалиёт чӣ кореро анҷом додӣ?
-Шояд гуфтаниед ки дар ҳиссаи хеш манро шарик намегиред, вале ба гумон аст, ки агар ба даст афтед, бандаро чун шарики кори хеш намефурӯшед?

пешина
аз 429
навбатӣ