Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Дар қонун ман шарики шумоям, яъне ҳамиштирокчӣ дар ҷиноят ва маҳз аз ҳамин рӯ ҳиссаи хеш талаб мекунам.
-Гуфтам-ку, чизҳои худат мегуфтагиро дар ҷайбам намегардонам, ба замми ин то кунун донаеро аз онҳо кам накардаам.
-Ман ҳиссаи хеш талаб мекунам ва мувофиқи ваъдаи пешакӣ бояд аз рӯи ҳақиқат ҳиссаи хеш бигирам.
-Чаро имрӯз ин қадар булбулвор дар бораи ҳақи ҳалолу ҳақиқат сухан мегуӣ? Гумон дорӣ, ки ба ҷуз худат дигар касе дар андешаи ин кор нест.
-Ба дигарон ман кор надорам, вале шумо ҳам бояд маро фаҳмед. Хуб нест, шахсеро, ки ба амалиёт ҷалб намудед, фиреб диҳед ё мехоҳед ки мисли он мӯйсафеди майзада аз ман ҳам халос шавед. Гумон накунед, ки ман он қадар гулӯ гумроҳам. Ба ин ҷо омада, ман аллакай мактбучае навишта ба ҷои даркорӣ гузоштам ва агар ҳодисае ба ман рух диҳад, тамоми сирри шумо ошкор мешавад. Аслан ин суханро Асрор дурӯғ гуфт, вале маҳз ҳамин сухани охирон ба мусоҳибаш таъсир кард, ки гуфт:
-Ту чӣ девона шудаӣ? Рафту он мактуб худи ҳозир ба дасти ягон кас афтад-чӣ?
-Мактуб фардо субҳ ба нишонааш меравад, ба шарте...
-Чаро хомӯш шудӣ, гап зан охир.
-Ба шарте ки ман барнагардам.
-Чӣ мактуб по дорад, ки бе ту худаш ба нишонаи лозим меравад?
-По-ку не, вале ман ба ҳамон дӯстам гуфтам, ки дар сурати барнагаштанам, онро ба суроғаи гуфтаам фиристед.
-Беҳтар набуд, ки худат рост ба милиса мерафтӣ.
-Киноя нагӯед ва ман ҳам он қадар гулӯ гумроҳ нестам, ки шумо гумон мекунед.
-Ман шуморо гулӯ гумроҳ нагуфтам.
-Нагуфтед, вале ҳиссаи маро додан намехоҳед.
-Ҳиссаатро мегирӣ, вале онро чӣ тавр обу лой мекунӣ?
-Ба инаш кори шумо набошад.
-То фардо интизор шав.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор