Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Майлаш, вале аз фардо дер намон. Фардо дар ҳамин соат ҳиссаи маро гирифта биёр.
-Фақат ба ин ҷо не. Беҳтараш пасфардо баъди намози шом ба хона биё.
...46...
Сари субҳ Абдумаҷидов ба хонаи конспиративӣ шитофт.
Дирӯз бегоҳӣ шахси дар алоқаи махфӣ буда бо тахаллуси “Дайду” занг зада, вохӯрии таъҷилиро дар ҷои таъиншуда талаб кард...
То вохӯрӣ ҳанӯз ним соат вақт буд ва Абдумаҷидов имконият дошт, ки оид ба рафти воқеаҳо дар атрофи амалиёти собиқ ҷарроҳ андеша намоянд.
Дирӯз бегоҳӣ, вақте ки ӯ ҳанӯз дар идора буд, хизмати
24 назорати берунӣ хабар дод, ки соати 18 дақиқа ҳангоми ба тарафи тарабхонаи “Бо ман бимон” рафтан шахси дар зери ҳимоя буда ду истгоҳ пештар аз тарабхона фаромада муддати зиёда аз понздаҳ дақиқа бо ҷавони бистучор-биступанҷсолае сари ким-кадом масъалае баҳсу мунозира намудааст. Ба хизмати назорати беруна муяссар шудааст, ки дар се ҳолат лаҳзаҳои баҳси шахси дар зери ҳимоя доштаашонро ба он ҷавони ношинос ба навор гиранд. Баъди ин баҳскунандагон ба самтҳои муқобил ҳаракат намуданд ва аз рӯи надоштани имконият ҳаракатҳои минбаъдаи ҷавони ношиносро ба зери назорат гирифта натавонистанд. Объекти асосӣ чун пештара боз ба тарабхонаи "Бо ман бимон“" рафта, дар ҳамон мизе ки то омаданаш аллакай навиштаҷоти “Банд аст” гузошта шуда буд, нишастааст. Азбаски ба объект рухсати наздик шудан набуд, гуфтугӯи ӯ бо пешхизмат муайян карда нашуд... Сипас баъди анҷоми кор чӣ шуду чӣ не, Абдумаҷидов хабар надошт, чунки
30 соати 21 дақиқа ба хона омада буд.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба ҷои вохӯрӣ рафта истода, сари масъалаи мубориза алайҳи ҷинояткорӣ хеле андеша кард.
Аслан ӯ низ чун ҳар як фарди солимақл бар он ақида аст, ки қарсак аз як даст садо намедиҳад ва ба муқобили ҷинояту ҷинояткорӣ низ муборизаи якҷоя бурдан лозим аст. Умуман, милиса ба ёрию дастгирии бевоситаи омма ниёз дорад, вале бисёриҳо моҳияти ҳамин мафҳумро нафаҳмида, “мо хабаркаш не,”- гӯён ҳатто аз дида ё шунидаи хеш, ки метавонад теша бар решаи ҷинояткорӣ занад, худдорӣ мекунанд. Маҳз ҳамин бетарафӣ доираи фаъолияти ҷинояткоронро васеъ мекунад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор