Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Аслан хабардиҳандаи ҳодисае, ки ғайриихтиёрӣ хеш шоҳид гаштааст, ин маънои хабаркаш буданро надорад ва ин ба ҷуз иҷрои қарзи шаҳрвандӣ чизи дигаре ҳам нест...
Хабаркаш (агент) ин тамоман симои дигар аст, мисли ҳамон нафаре, ки имрӯз ӯро ба вохӯрӣ даъват намуд...
Умуман, оид ба хабар ва хабаркаш дар тамаддуни башар фикру ақидаҳои мухталифе мавҷуданд. Калимаҳои разведчик, шпион, резидент, агент ҳарчанд аз калимаи хабаркаш реша гиранд, вале маъниҳои гуногун доранд. Абдумаҷидов ба ёд овард филми “Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор”-ро. Вақте ки мо аз корнамоиҳои разведчик Максим Исаев ифтихор мекунем, тарафи муқобил ӯро ҷосус ном мебарад, ё гирем “корнамоиҳои” Тешаи Сангро, ки ба манфиати давлати бегонае хабаркашӣ мекард ва шояд дар ҳамон давлат Тешабойро разведчик ном мебурданд, мо бошем ун бадбахтро ҷосус ном мебурдем ва нисбаташ нафрат доштем...
Ана ҳамин хел агар хабар ба манфиати давлату ҷамъият бошад, бояд бо он ифтихор кард, ки мо дар кори бузурге саҳм гузоштаем, вале гурӯҳи ҷинояткорон чунин нафаронро агент (хабаркаш) ном мебаранд ва маҳз ҳамин тири онҳо нишонрастар аст...
Умуман, чӣ хеле ҳаст ва ё нест, хабаркашҳо ҳастанд ва дар мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ба милиса ёрӣ медиҳанд. Аслан агар қисме аз хабаркашҳо худашон ба милиса аз рӯи эътиқод муроҷиат намоянд, қисми дигарро бо ҳар роҳу воситаи милиса худ ба ин кор ҷалб мекунад...
Ҳафтаи гузашта ӯ дар телевизор филми бадеии “Панҷ дақиқаи тарс” - ро тамошо кард ва дид, ки дар кушодани ҷиноят шаҳрванди одӣ чӣ хел саҳм гузошт, ҳарчанд сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Корнилов ӯро аз ҳаракатҳои худсарона огоҳ карда буд...
Магар чунин шахсиятҳоро хабаркаш гуфтан меарзад,-ҳаргиз! Дар кори нек саҳм гузоштан ин худ як нишонаи ватандӯстист...
...Ҳангоми вохӯрӣ бо “Дайду” ӯ бисёр чизҳоро фаҳмид.
Объекте ки милиса ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуда буд, дар ҳақиқат ба ҷавонзани бистсола дил бохтааст. “Дайду” хабар дод, ки ҳоло гардани духтарро шаддаи зебое, ки сангҳои қиматбаҳои осмониранг дорад, зеб медиҳад. Малоҳати Солеҳ ба дугонааш Зарнигор ваъда додааст, ки чунин шаддаи зеборо бо нархи арзон баҳраш ёфта медиҳад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор