Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Абдумаҷидов тамоми рӯз дар дафтари кориаш сари ин масъала андеша кард ва ба хулосае омад, ки то анҷоми амалиёт рӯзҳо ва ё шояд соатҳои башумор мондааст. Дар нимаи дуюми рӯз шахсияти ҷавони дирӯз бо Фарҳоди Аваз вохӯрдаро низ муайян намуданд ва тааҷҷубовараш он буд, ки ҷавон Асрори Аҳрор дар Чорбоғ дар маҳали зисти Давлати Баҳром ба дунё омада...
“Инаш аҷиб-ку,-аз дил гузаронд Абдумаҷидов. -Наход маводҳои дуздидашударо Асрори Аҳрор ба хонаи ҳамдеҳааш бурда бошад. Ҳар он чӣ ки назорати хизмати беруна муайян намудааст, бесабаб нест. Давлати Баҳром аз куҷо донад, ки ҳамдеҳаи худаш ӯро ба ҷари тела доданӣ шудааст...” Некиро некиву бадро бад расад. Ҳар кӣ пеши роҳи дигарон чоҳ канд, оқибат худ ба зери он чоҳ хоҳад рафт. Он рӯз дур нест, ки тафтишот ниқоб аз рӯи ин ҳодиса набардорад. Ба ҳар ҳол, ҳар як қадами ҷавони чорбоғиро ба зери назорат гирифтан лозим.
Акнун вақти он расидааст, ки ба таври расмӣ сари ин масъала баргардем. Ӯ ба прокуратура занг зад ва чун фаҳмид, ки муфаттиш Салимов онҷост, баъди ним соат ба прокуратура рафт ва муфаттишро аз рафти корҳои ҷустуҷӯи огоҳ намуда, аз ӯ баҳри ба зери назорат гирифтани манзили собиқ ҷарроҳ Фарҳоди Аваз ва ҳамчунин Асрори Аҳрор ёрии расмӣ пурсид.
-То бегоҳ ман бо шеф гуфтугӯ менамоям.
-Рафту розӣ нашавад-чӣ?
-Розӣ мешавад...
...47...
Абдумаҷидов аз бойгонии Суди Олӣ қарибиҳои нисфирӯзӣ берун омад. Тайи се-чор соат ӯ дар бойгони парвандаи собиқ ҷарроҳ Фарҳоди Авазро варақ зада, ба гузаштаи на чандон дури ӯ назар кард. Саҳфаҳои рӯзгори Фарҳоди Аваз хеле ҳузновар ва дилгиркунандаи буданд, вале ваколатадори кофтукови ҷиноятӣ ҳамаи инро сарфи назар карда, ҳамаи он парвандаро то ба охир варақгардон намуд. Сабоҳат Абдулоевна на танҳо кӯшиш ба харҷ дода парвандаро ба суд фиристода буд, балки аз рӯи инсоф барои шараф кор карда буд. Аслан дар макру ҳиллаи собиқ ҷарроҳ нафарони зиёде чун ба торҳои танидаи тортанак монда буданд ва ному насаби баъзе аз онҳоро ӯ ба дафтарчаи кориаш қайд кард то дар ҳолати зарурӣ дар парвандае, ки Салимов ба даст дошт, баҳри дайни гуноҳи Фарҳоди Аваз истифода барад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор