Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Ҳар он чи ки ҳафтае пештар Холи Баҳром ҳангоми суҳбат ба самъи ӯ расонд, ҳамааш ҳақиқат буд ва маҳз бо талаби қатъии Хол Баҳромов натиҷаи ташхиси гистологӣ дар яке аз институтҳои тадқиқоти шаҳри Тошканд гузаронида шуда буд. Ба ҳар ҳол ҳамон солҳо новобаста аз режими сахти сохти сотсиалистӣ нисбати ҷарроҳи одамкуш ҷазои сабукро раво диданд...
Аз рӯи хабарҳое оперативие, ки ӯ дар даст дошт, Асрори Аҳрор, ки шояд ки винтчаи хурде дар ин механизми бузург буд, метавонист ҳамон норасоиро дар механизм бартараф намуда, онро ба ҳаракат дарорад.
Ҳарчанд прокурори ноҳия баҳри гӯш кардани телефон ва хондани мактубҳои Фарҳоди Аваз розигӣ дода буд, вале сари субҳ, вақте ки ба кор омад, хабар ёфт, ки ҷарроҳ дар хонаи кадом як шиносаш дар ноҳияи Сари Осиё зиндагӣ мекардааст ва хона бо телефон муҷаҳҳаз набудааст. Ба гумон буд, ки ҳабси мактубҳои ӯ низ ягон натиҷае диҳад, чунки ҷарроҳ шахсеро мемонд, ки дар аъроф.
Абдумаҷидов аслан ба пешхизматдухтар Малоҳати Солеҳ ва ҷавони чорбоғӣ, ки дар яке аз омӯзишгоҳои техникии шаҳр таҳсил дошт, умед баста буд. Маҳз ҳамин ду нафар дар айни вақт метавонистанд парда аз рӯйи Фарҳоди Аваз бардоранд, вале бо ин ду тан суҳбати самими намудан хато буд, чунки ба ақидаи Абдумаҷидов яке мубталои ишқ гашта буду дигаре шояд худ ҳамиштирокчии ҷиноят буд. Акнун танҳо назорат аз болои ин се тан роҳи ягонаи ҳалли мушкилот буд...
Абдумаҷидов аз бойгонии Суди Олӣ рост ба прокуратура рафт, то Салимовро аз фаъолияти гузаштаи гумонбаршуда огоҳ созад.
-Чаро ӯро дар давоми ин се сол милисаи ноҳияи Сари Осиё ба зери назорати маъмурӣ нагирифтааст? - пурсид муфаттиш.
-Намедонам. Аз эҳтимол дур нест, ки Фарҳоди Аваз дар намуд марди гандумнамоест.
-Гандумнамои ҷавфурӯш?
-Ба фикрам, ҳамин хел аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор