Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Алҳазар аз чунин шахсон.
-Чӣ ҷои тавба, дар талоши ҳаёт одамӣ ба ҳар роҳ меравад.
-Бубин, боз номзади илмҳои тиб будааст.
-Олим шудан душвор....
-Баръакс, олим шудан осон, вале одам шудан душвор, мисли оне ки ҳамон ҷарроҳи гуфтагиат инсон нашуд, ки нашуд.
-Мо муайян намудем, ки Фарҳоди Аваз тайи се соли охир дар хонаи кадом як шиносаш, ки замоне ба ӯ дасти ёрӣ дароз намуда будааст ва ҳоло шиносаш бо аҳли оилааш ба вилояти Омски Федератсияи Русия рафтаанд, зиндагӣ дорад. Хона дар ноҳияи Сари Осиё, дар кӯчаи Шафақ, ҷойгир аст. Ҳамчунин, бояд арз намоям, ки хона бо телефон муҷҷаҳаз нест. Фарҳоди Аваз дар ошёнаи сеюми бинои панҷошёна дар ҳуҷраи якхонагӣ истиқомат
30 дорад. Тайи се шаби охир ӯ баъди соатҳои 23 дақиқа ҳамроҳи Малоҳати Солеҳ ном пешхизмати тарабхонаи “Бо ман бимон” шабро дар ҳамон хона рӯз карданд.
-Пас чаро мо ӯро дастгир накунем? Рафту ҳангоми кофтуков чизҳои аз мағозаи ҷавоҳирот бурдаашро дарёбем.
-Таваккал хуб аст, вале на дар ҳама ҳолат.
-Охир мо бояд ӯро дастгир намоем.
-Дастгир мекунем.
-Кай?
-Тайи ҳамин рӯзҳои наздик. Чароғ пеш аз мурданаш равшан мешавад ва Фарҳоди Аваз низ аллакай эҳтиётро нисори қудуми муҳаббат кард...
-Ягон чизи ғораткардаашро бо касе фурӯхт?
-Фурӯхтан-ку не, вале тақдим намуд.
-Ба кӣ?
-Ба Малоҳат Солеҳ.
-Пас чаро ӯро оварда напурсем?
-Ӯ ҳеҷ гоҳ Фарҳоди Авазро намефурӯшад.
-Чӣ хел намефурӯшад?
-Да хотя бы, потому что она по ушу влюблена.
-В этого козла?
-Ин танҳо андешаи мост.
-Фаҳмо.
-Чӣ бояд кард?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор