Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Интизор шудан лозим.
-То ба кай?
-То лаҳзае ки мо ӯро бо далелҳои шайъӣ дастгир накунем.
-Ба фикри шумо Малоҳати Солеҳ дар обу лой кардани ҷавоҳирот саҳм мегузорад?
-Албатта.
-Дидаву дониста?
-Ба гумон аст.
-Ҳаминаш беҳтар.
-Кадомаш?
-Ҳамин ки духтар аз асли воқеа бохабар нест ва дар ҷиноят ҳамиштирокчӣ намешавад.
-Мо ҳам таманнои ҳаминро дорем.
Муҳаббатхон рухсат пурсида вориди дафтари кории Салимов шуд ва лифофаеро ба дасти муфаттиш дода пас гашт.
Пас аз рафтани ӯ муфаттиш лифофаро кушод ва аз дохили он даъватномаи зебоеро берун овард. Салимов онро кушода, лаҳзае ба он чашм дӯхта, онро ба дасти Абдумаҷидов дод.
Аслан Муҳаббатхон низ мубталои ишқ гашта буд ва ӯ Салимовро ба тӯяш даъват намуд. Домодро Ибод ном будааст.
-Исто, ки Ибод ҳамон ҷавоне, ки дар ЭКО кор мекунад, набошад.
-Намедонам.
Салимов ба котибот занг зада, аз Муҳаббатхон шахсияти домодро пурсон шуд ва чун гӯшакро ба ҷояш гузошт, ба тарафи мусоҳибаш нигариста гуфт:
-Худи худаш. Муфаттиш ҳамчунин ба ёд овард рафтаниҳои котибаро ба тарафи ЭКО.
-Ана барои чӣ гузари котибаи мо ҳамеша ба ҳамон тараф будааст.
Тӯйи Муҳаббатхон ва Ибод рӯзи якшанбеи 21 июн соати 12 дар дар тарабхонаи “Бо ман бимон” таъин шуда буд.
-Имрӯз чандум пурсид муфаттиш?
-Чоршанбе, 17- уми июн.
-Рӯзҳои башумор мондааст.
-Ҳа, - гӯён Абдумаҷидов аз ҷой бархест ва муфаттиш чун ҳамешагӣ ӯро то пеши бино гусел кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор