Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар бозгашти вай аз Бишкек сарбориеро ба бор меовард.
Агар дар ҳақиқат чунин буди мо бояд бехатарии вайро таъмин мекардем, вале ин ҳама танҳо баъди бозгашти тоҷир ба нақшаи кории мо дохил мешуд. Муфаттиши прокуратура андешаҳои хешро кушоду равшан бар он баён намуд, ки то рӯзе, Қиёми Абдулхайр аз марзи диёр берун аст, мо дар таъмини бехатарии вай дасткӯтоҳем. Ҳамаи инро сабаб он аст, ки барои ба Бишкек фиристодани як ё ду корманди милиса маблағи калони пулӣ лозим аст ва на танҳо ин.
-“Боз чӣ?- шунидам ман нидои аз замирам бархостаро.
-Боз барои аз хоки диёр берун рафтан розигии вазир ё муовини вай зарур?” Баҳри оне ки вазир ё муовинаш ба ҳуҷҷатҳо имзо гузорад, пешниҳоди ҳуҷҷатҳое лозим аст, ки дар ҳақиқат ҳаёти Қиёми Абдулхайр дар хатар аст ва ҳоказою ҳоказо...
Ин ҳамон равияи бюрократие ҳаст, ки аз замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чун такбарг ба мо мерос монда...
Дар ҳоле ки банда сари ҳамин масъала бо қалби хеш даст ба гиребон будам, касе ба дар ангушт зад ва ман овоз рӯшан намудам:
-Марҳамат, дар кушода.
-Мумкин, - гӯён Абдурашиди Шариф пой ба остона гузошт.
-Ин дар ҳамеша ба рӯи шумо боз аст, рафиқ лейтенанти калон,
- ба истиқболи ҳамкорам аз курсӣ нимхез шуда, ба вай даст дода вохӯрӣ намуда гуфтам:-Хайрият омадед.
-Чӣ буд, рафиқ капитан? - ҳайрон шуда пурсид мусоҳибам ба курсие нишаста истода.
Ман кӯтоҳак фикру андешаи хешро, ки лаҳзае пеш дар мизони ақл гузошта будам, барояш арзонӣ доштам.
-Дуруст, ки мо то бозгашти Қиёми Абдулхайр осуда шуда наметавонем, вале набояд аз ин фоҷиа сохт, - қариб ки фикри хешро дар ҳамин як ҷумла баён намуд мусоҳибам.
-Ба андешаи шумо чӣ бояд кард?
-Ба прокуратураи ноҳияи Бӯстон рафта, бо парвандае, ки панҷ сол боз дар зери чангу гард хобидааст, дурустар шинос бояд шуд.
Сипас бо нафароне, ки Нозими Ятимро мешинохтанд, аз наздик суҳбат бояд кард ва...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё