Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун ваколатдори кофтукови ҷинояти вориди бинои милиса шуд, сержанти милиса Раҳимов ба дасташ лифофаеро дод...
-Ҳарчанд ӯ лифофаро накушод, вале медонист, ки дар дохили он чист, умуман Муҳаббатхон дар қатори чанд корманди милиса ӯро низ ба базми арӯсии хеш даъват карда буд...
-Ташаккур, Шарофиддин, - гӯён Абдумаҷидов лифофа дар даст ба ошёнаи дуюм баромад...
...48...
-Хуш корҳо чӣ хел, ҷонакам!
-Чӣ гӯям?
-Ҳарчи дилат хоҳад, вале беҳтараш ҳақиқатро.
-Харидор-ку ёфтам, аз шиносҳои Зарнигор, вале ӯ донистан мехостааст ки молҳои харидор мекардагиаш аз куҷоянд.
-Барои харидор чӣ фарқ доштааст?
-Ман ҳам гуфтам, вале ӯ мехоҳад, ки бо нархи арзонтар қисме аз борҳоро яклӯхт харад.
-Борро барои ман аз Дубай фиристоданд. Худат бояд донӣ, ки ҳеҷ гоҳ чунин бор рӯирост оварда намешавад.
48
-Набошад контрабанда гӯй.
-Гапат дуруст, дар ҳолате ки бор дар сарҳад аз тарафи кормандони гумрук ошкор карда мешуд.
-Набошад, ба харидор чӣ гӯям?
-Ҳеҷ чиз, беҳтар буд, ки харидорони алоҳидаро меёфтед.
-Охир яклӯхт фурӯхтани мол беҳтар аст.
-Ҳангоми яклӯхт фурӯхтани мол мо маҷбур мешавем, ки то бист фоиз нархи молро арзон намоем, дар чунин ҳолат ин зарар ба кисаи худи мо мешавад.
-Дар хориҷа ҳам ҳамин хел?
-Албатта.
-Зарнигор фардо пули шаддаро мебиёрад.
-Ба Зарнигор гуфтӣ, ки шаддаро аз куҷо гирифти?
-Ҳа, гуфтам, ки аз як бозаргони шиносам.
-Дар бораи муносибатҳои мо ягон чизро медонад?
-В обших чертах.

Контрабанда-қочоқчигӣ, боре ки бо роҳи пинҳонӣ оварда шудааст.

пешина
аз 429
навбатӣ