Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ба хотири худат, агар Зарнигор барои фурӯхтани бор розӣ шавад, ман тайёрам, ки панҷ фоизи даромадашро ба ӯ диҳам.
-Майлаш, ман гапзанон мекунам.
-Барои шаб ба хона нарафтанат ҷанҷол накарданд?
-Ман духтари чордаҳсола нестам ва ихтиёрам дар дасти худам аст.
-Офарин!
-Акнун ман бояд равам, бегоҳ меоӣ?
-Албатта, мизи манро банд карда мон, рафту агар каме дер монам, ташвиш накаш, - гӯён ӯ аз рухсори арғувонии Малоҳат бӯсае чун ҳиссаи хеш бигирифт.
Малоҳат низ дар пеши дар қарзи хеш биситонд ва аз зинаҳо ба поён рафт...
Фарҳоди Аваз боз байни ҳамон чор девори бетонӣ танҳо монд.
Чашми ӯ нохост ба соати калони деворӣ, ки аз соҳибхона ба ёдгор монда буд, бархӯрд ва таъбаш ҳазин гашт. То вохӯрӣ бо “ҷиянаш” боз чор соат вақт буд ва ӯ ҳеҷ сари андешаи аниқ ҳам омада натавонист. То дирӯз Асрори бачаи Фотима ӯро ҳам тағо ва ё шеф мегуфт, дирӯз бошад...
“Дар ҳамон ҷо ҳамроҳи мӯйсафед корашро тамом кардан лозим буд, акнун дер шуд, Худо медонад дар сари ӯ чӣ фикру хаёлест, рафту бо худ ягон касро биёрад, ман аз ду сар сари хеш ба бод медиҳам.
-Ҳоло ҳам дер нашудааст.
-Аллакай дер шуд.
-Мебинам, кӣ алови чашматро гирифтааст.
-Гап дар сари ин ҳам нест.
-Пас бигӯ ки сабаб чист?
-Намедонам инро чӣ хел ба худат фаҳмонам.
-Ман ҳамаашро мефаҳмам.
-Шояд манро бо ман шиносонӣ?
-Хафа нашав, ман қалби туям ва ҳама гуна тағйироте дар майна ба вуқуъ мепайвандад, пеш аз ҳама ба воситаи ман мегузарад, бо кадом роҳ рафтанро одамизод худаш интихоб мекунад, новобаста аз он ки дар вуҷудаш хайр дар туғён аст ва ё шар...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор