Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Аз нуқтаи назари худат ман метавонам ба ҷинояти нав даст занам.
-Не.
-Чаро?
-Намедонам, вале дар ниҳоди ман хайр туғёни бештаре дорад.
-Аз кадом ҳисоб хайр бар шар ғолиб омад? О лаҳзае пеш маро қариб ба тарсуӣ муттаҳам карданӣ шудӣ ва барои содир намудани ҷинояти нав ҳидоят намудӣ-ку?
-Ҳидояткунандаи роҳи бад ман не, балки шар ё чӣ хеле мардум мегӯянд, шайтон аст ва хуб аст, ки худат астағфируллоҳ гуфтӣ.
-Калимаи асатғфируллоҳро ман ба забон нагирифтам, фақат дар дил гузаронидам.
-Ҳаминаш басанда буд, ки шайтон аз қалби ту бадар равад.
-Шар бирафт ва хайр монд?
-Некӣ аз болои бадӣ ҳамеша пирӯз аст.
-Аслан дар лаҳзаи бад худат ба кадом тараф такя мекунӣ.
-Некиро бештар меписандам, ба шарте ки одамӣ ба Олоҳ таоло такя намояд.
-Дар акси ҳол?
-Оне ки ба суханони шайтон дода мешавад, ба ғазаби Офаридгор гирифтор шуда, ба хуни ноҳақ даст мезанад.
-Пас агар чунин аст, калимаи “набурад рагеро, нахоҳад Худо”- ро чӣ хел фаҳмидан лозим?
-Марг ин азалист, чун вақту соати умри нафаре ба поён расад, ӯро дигар роҳи гурез нест, вале қотил шахсест, ки адлу инсоф аз қалбаш бадар рафта ва модоме чунин аст ӯ гирифтори ғазаби Парвардигор аст...
-Пас ман ҳам ба ғазаби Павардигор гирифтор будам?
-Бале. Вақте ки ту ба хуни ноҳақ даст задӣ, айнан дар чунин ҳолат будӣ?
-Оё барои ин ман ҷавобгарам?
-Албатта.
-Ва назди кӣ ман бояд ҷавоб бигӯям?
-Назди давлат, назди онҳое, ки барои вайрон кардани қонунҳои умумибашарӣ меъёри ҷазо муайян намудаанд.
-Тамом?

пешина
аз 429
навбатӣ