Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Не, ва боз назди Офаридгор ҳам ҷавоб гуфтан лозим аст.
-Дар қиёмат гӯй?
-Бале, дар қиёмат, ки онро ҷазои рӯзи маҳшар ҳам мегӯянд...” Сари ҳамин андешаҳо Фарҳоди Авазро хоб бурд...
Садои занги дар ӯро аз хоб бедор намуд. Чун чашм кушод, дар лаҳзаи аввал дар куҷо буданашро ҳам нафаҳмид, вале оҳистаоҳиста чашмаш ба торикӣ одат кард ва фаҳмид, ки дар хона болои бистарӣ мулоим хобидааст ва занги навбатӣ ӯро ҳушёр сохт ва аз ҷой бархест. Чун дарро кушод, дар рӯ ба рӯяш Асрорро дид.
-Мувофиқи ваъдаи пешакӣ ман омадам.
-Танҳо омадӣ?
-Не.
-Чаро?
-Ҳамин хел барои эҳтиёт.
-Марҳамат ба хона гузар.
Асрори Аҳрор бо боварии том ба манзили “тағояш” қадам ниҳод.
-Шояд “дӯстатро” ҷеғ занӣ?
-Ба кадом мақсад?
-То ки дар гирифтани ҳиссаат шоҳид шавад.
-Не, мақсади омадани ӯ дигар аст.
“Дурӯғ мегӯянд, биё беҳтараш кори ӯро дар ҳамин ҷо тамом намо, чӣ лозим, ки чизҳои ба ивази хуни нафаре ба даст оврадаи худро ду ҳисса намоӣ. Оё мефаҳмӣ, ки ин чӣ қадар пул мешавад.
То ба кай метарсӣ. Таваккал намо. Таваккал кори мардон аст.
Оҳиста бандро ба гулӯяш андоз тамом вассалом...
-Астағфируллоҳ;” - гуфт ӯ.
-Ин тавбаи бармаҳал аз баҳри чист? - пурсид Асрор, ки сухани “тағояшро” шунид.
-Барои ҳамон сояи бо худ овардаат.
-Соя беҳтар аст аз он...
-Чаро суханатро буридӣ?
-Соя хуб аст. Мегӯянд, одамеро, ки марг таҳдид мекунад, чанд рӯз пеш аз маргаш сояаш сар надорад.
-Ту имрӯз дар сояи хеш акси саратро дидӣ?
-Аҳамият надодам.
-Кори хуб накардӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор