Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дирӯз баъди вохӯрӣ бо худат шабона барои овардани бор рафтам, вале...
-Гап зан.
-Ягон чиз он ҷо набуд.
-Чӣ хел набуд, пас онҳо куҷо шуданд?
-Намедонам, гуфтам-ку, касе моро ғорат кард.
-Гуфтаниӣ, ки дуздро қарақчӣ зад?
-Ман ҳеҷ чиз гуфтанӣ нестам, вале ҳақиқати ҳол ҳамин аст.
-Ман ба ягон сухани тӯ бовар намекунам.
-Ихтиёрат. Метавонӣ хонаро кобӣ, метавонӣ ба милиса равӣ...
Асрори Аҳрор бо чашмони оташбор ба сӯи мусоҳибаш хеле нигариста ниҳоят гуфт:
-Акнун чӣ мешавад?
-Намедонам, вале ман ба ҳар ҷазо тайёрам, агар ба даст ҳам афтам, туро ҳеҷ гоҳ намефурушам.
-Ҳеҷ боварам намеояд.
-Мардумон ба хоб бовар мекунанд, худат бошӣ...
-Хоб ҳам аз хоб дорад.
-Охир мо бегона нестем, Асрор, наход ту гумон намоӣ...
-Беҳуда маро ба ин кор ҳамроҳ кардед.
-Ман аз куҷо медонистам, ки...
-Рафту агар ҳодисае рух диҳад...
-Ҳамаашро ман ба души хеш мегирам, аз ин тарафаш метавонӣ осуда бошӣ.
-Маро аллакай як бор ноосуда намудед ва ана натиҷааш.
-Ояндаро ба ҷуз Оллоҳ таъоло боз кӣ медонад?
-Чӣ хел маро осон истифода бурдед, ҳатто қасди хеш аз Холи Баҳромро низ ба воситаи ман анҷом додед.
-Дар ин ҷода ман аз шумо Асрорҷон то қиёмат қарздорам.
-Дар сухан?
-Чӣ лозим ин гапҳо, гумон мекунӣ, ки аз гум шудани ашёҳои рабудаамон ман хурсандам.
-Онҳоро ман гум накардаам, ки аз ман домангир шавӣ.
-Худкардаро даво нест, вовайлон пинҳонӣ.
-Худаш ҳам ҳамин тавр аст.
-Асрор!
-Чӣ буд?

пешина
аз 429
навбатӣ