Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ҳар чӣ буд ё набуд гузашт, дигар тавбаю надомат ҳам ба фикрам суде надорад, биё беҳтараш панҷоҳ то панҷоҳто...
Асрор аслан марди дар аъроф афтодаеро мемонд, “тағояш” тарзе гап зад, ки дили “ҷиян” ба ҳолаш сӯхт. Ҳар қадар андеша намуд, бархилофи суханони “тағо” сухане наёфт. Охир зиндагӣ ин китоби нонавиштаест ва он чӣ ки Фарҳоди Аваз чизҳои дуздидашударо бар як гӯшаи бинои масҷид пинҳон кардааст, набояд шубҳаро ба вуҷуд биёрад, вале бигузор рафта ҳамон ҷои пинҳон кардаашро нишон диҳад...
-Панҷоҳто панҷоҳто гурехта намеравад, вале ман мехоҳам, ки худи ҳозир рафта ҳамон ҷои пинҳон намудаатонро бубинем.
-Дар ҳамин нисфи шаб?
-Ҳа, дар ҳамин нисфи шаб.
-Рафту ягон кас моро дар он ҷо бинад, чӣ гумон мекунад?
-Ҳар кӣ дид дидан гирад, моро чӣ ҷои тарс, модоме ки ягон чизи ғайриқонунӣ дар барамон надорем.
-Ягон кас бинаду гӯяд, ки мо ба масҷид барои дуздӣ рафтаем.
-Кӣ мебинад? Шояд онҳое ки моро ғорат карданд?
-Шояд.
-Дар он сурат мо аққалан мефаҳмем, ки баҳри дарёфти ҳиссаи хеш бо кӣ даст ба гиребон шавем.
-Агар онҳо худашон дар ҷустуҷӯи мо набошанд.
-Чаро моро меҷустанд?
-То ки минбаъд моро шантаж намоянд.
-Ин фикр ба мантиқ рост намеояд.
-Мантиқ ин ҷо чӣ дахл дорад, агар мантиқро фикр мекардем, мо бояд худ ба ҷиноят даст намезадем ва аз рӯи мантиқ ҳам подоши ҳама гуна ҷиноят ҷазост.
-Пас шумо ба масҷид рафтанӣ нестед?
-Нарафтан беҳтар аст.
-Набошад, нақши аниқи ҷои пинҳоннамудаатонро кашида, ба ман диҳед, ман худам меравам.
-Аслан ман намехоҳам, ки ҳаёти шуморо ба хатар монам Худо нахоҳаду ягон ҳодиса шавад, пас ман пеши модарат чӣ ҷавоб медиҳам?
-Ҳамааш ба гардани худам, аз ин тарафаш метавонед осуда бошед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор