Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фарҳоди Аваз дилу бедилон нақши “пинҳонгоҳи” масҷидро кашида, пеш аз он ки коғазро ба дасти ҷиян диҳад, гуфт:
-Асрор, ба ман ваъда деҳ, ки ба масҷид шабона намеравӣ?
-Пас ба он ҷо кай равам?
-Рӯзона рав, дар рӯз касе шубҳа намекунад.
-Майлаш, фардо субҳ баъди намози бомдод ба он ҷо меравам.
-Хайр, биё, панҷоҳто-панҷоҳто.
-Ба масҷид нӯшида рафтан хуб нест, - гӯён Асрор аз хонаи тағояш бадар рафт...
...49...
Мошини ВАЗ-2109 ки дар самти муқобили бинои панҷошёнаи кӯчаи Шафақ 48/3 меистод, овози тағою ҷиянро сабт кард.
Абдумаҷидов, ки ҷиянро ба хонаи тағо гусел карда буд, аз суҳбати Асрор бо тағояш як ҷаҳон ҳаловат бурд. Тайи се ҳафтаи охир ӯ қариб хобу хӯрро ба гӯшаи фаромушӣ дода буд. Марги асрорангези сохтмончии хизматнишондода бо дуздии мағозаи ҷавоҳирот омехта шуда, ҳар замон чун соя ӯро дунболгир буд. Дар сабти овози ҷарроҳ ва ҷиянаш аслан ба ҷуз Воҳид Камол, ки мошини хизматии ӯро бо воситаҳои техникӣ муҷаҳҳаз гардонида буданд, ҳамчунин хизмати муфаттиш прокуратура Салимов, ки шефашро барои гузоштани тугмачаи овозқабулкуни розӣ кунонида тавонист, назаррас буд.
Субҳи имрӯз бо дастури Салимов кормандони идораи “Барқи тоҷик” дар чанд бинои кӯчаи Шафақ санҷиши воситаҳои барқиро мавриди ташхиси хеш қарор доданд ва аз фурсати муносиб истифода бурда, корманди ЭКО, ки ба ҳайати ҳамин гурӯҳ шомил буд, дар роҳрав ва ҳуҷраи Фарҳоди Аваз тугмачаи мавҷқабулкунак
49 гузошт...
То нимаи дуюми рӯз ҳамин гуна асбоб дар зери яке аз мизҳои табархонаи “Бо ман бимон,” ки Малоҳати Солеҳ бегоҳирӯзи онро то омадани дилдодааш банд мекард, гузошта шуд. Бо талаби Абдумаҷидов сардори ШКД аз ҳисоби кормандони техникии Вазорат ду корманди милисаро дар либоси ғайринизоми бо
43 камераҳои махсус муҷаҳҳаз гардонида, соати 19 дақиқа ба тарабхонаи мазкур фиристод, ки дар лаҳзаи зарурӣ ҳама гуна

Жучок.

пешина
аз 429
навбатӣ