Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

ҳаракатҳои шахси ба васояти хеш гирифтаашонро ба навор гиранд...
Фарҳоди Аваз аз нимаи дуюми рӯз пурра дар зери нзорати техникӣ буд ва таваҷҷуҳи тамоми гурӯҳи тафтишотӣ ба ӯ нигаронида шуда буд. То ба кӯчаи Шафақ ташриф овардани Асрори Аҳрор мошини дигаре бо ҳамин гуна асбоб сабти овози ҷарроҳро бо Малоҳати Солеҳ сабт кард ва чун сардори амалиёт Асрори Аҳрорро то пеши бинои ҷои зисти Фарҳоди Аваз гусел кард, мошини аввала ҷои хеш ба ӯ дода, худ ба пеш ҳаракат карда, интизори дастурҳои минбаъда шуд.
Суҳбати “соҳибдилон” ин худ паёме аз ояндаи нек буд ва милиса баъди ин суҳбат умед бар он дошт, ки амалиёти дар пеш истода дар арафаи анҷомёбист. Аз ин рӯ, Абдумаҷидов, ки дар додугирифти радиоалоқа “Якум” номгузорӣ шуда буд, ба марказ дар ин бора хабар дода хоҳиш намуд, ки гурӯҳи иловагиеро бо
51 таҷҳизоти назорати шабона ба масҷиди ҷомеъ воқеъ дар кӯчаи Заргарон фиристанд.
Марказ (Воҳид Камол ва Масрури Мӯсо) ба якум ваъда доданд, ки қувваҳои иловагӣ танҳо баъди як соат метавонанд масҷиди мазкурро ба зери ҳимояи хеш гиранд ва Якум дар ин муддат бояд имконият надиҳад, ки Фарҳоди Аваз ва ё Асрори Аҳрор ба бинои масҷид наздик шаванд.
Абдумаҷидов мефаҳмид, ки то андозае ҳақ, ба ҷониби марказ аст ва ҷобаҷогузории қувваҳо ин корест, ки соатҳоро талаб мекунад, вале ӯ кафолат дода наметавонист, ки ҳамин лаҳза васиёни дар зери назоратбудаи онҳо азми хонаи Худо накунанд, аз ин рӯ, ӯ фикру ақидаи хешро ба воситаи мухобира ба марказ баён намуда талаб кард, ки қувваҳо дар байни ним соат бояд дар камингоҳ ҷо ба ҷо шаванд ва ҳамагуна рафтуомадро ба масҷид ба зери назорат гиранд.
Воҳид Камол ин дафъа худаш ба алоқа баромада, Якумро бовар кунонид, ки қувваҳо баъди чилу панҷ дақиқа ҷо ба ҷо мешаванд ва дар ҳамин муддат бояд гурӯҳҳо ҳамаи чораҳоро
50
Малоҳат Солеҳ дар назар аст.
Прибор ночного выдение.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор