Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бинанд, ки шахсоне, ки онҳо назораташонро ба душ доранд, ба бинои масҷид наздик нашаванд.
-Окэй.
-Ба шумо барори кор мехоҳам, то алоқа...
Чун Асрори Аҳрор аз бинои панҷошёна берун шуд, Абдумаҷидов гурӯҳи сеюмро, ки назорати ҷиянро ба душ дошт, ба алоқа хонда, ҳушдор сохт, ки суханони Марказро аз хотир набароранд. Сеюм, ки мухобирааш ҳамеша дар мавҷи қабул қарор дошт, хабар дод, ки аз амри Марказ огоҳ аст ва баъди аз пеши бино дур шудани объект ӯро дунболгир аст...
Абдумаҷидов ронанда Сафаровро ҳушдор сохт, ки назорати биноро ба душ гирад ва худ аз ҷузвдон коғазу қалам ба даст гирифта, нақшаи амалиёти дар пешистодаро аз рӯи ҷобаҷогузории қувваҳо тарҳрезӣ кард.
...50...
Асрор дар кӯчаҳои чароғони шаҳр хеле қадам зад... Суҳбати тағо мағзу устухонашро ба дард оварда буд, ки ҳар замон уф-уф мегуфт. Бубин, ман бо худ чӣ кардам: “на хӯрдаву, на бурда,
52 бигирад дарди гурда”. “Ҳеҷ боварам намеояд, ки касе моро ғорат карда бошад.
-Дуруст, ки касе шуморо ғорат накардааст, ана худи ҳамин замон ба масҷид раву бубин.
-Рафтан бошад меравам, вале каме дертар.
-Ҳозир рав, раву бо чашми хеш бубин.
-Ман аллакай як маротиба ба гапи худат гӯш додам ва бубин, ки бандаро ба чӣ ҳол овардӣ.
-Чаро аз ман доманигиред?
-Набошад домони киро гирам?
-Худат гунаҳкорӣ, чунки мутеи нафс гаштӣ ва нафс ҳеҷ гоҳ дар обрӯи мард нест.
-Акнун чӣ мешавад?
-Ба чоҳи кандаи хеш мерафтед.
-Боз ба ҳимояи Давлати Баҳром бархестӣ?
-Не, ман ҳақиқатро гуфтам.
-Ҳақиқати ту ба кӣ даркор?

Мақоли халқӣ.

пешина
аз 429
навбатӣ