Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ва чӣ?
-Аз нигоҳи эшон ба муносибати Нозим Ятим ва Қиёми Абдулхайр баҳо бояд дод.
-Чӣ шумо гумон доред, ки ҳамкоронамон аз ноҳияи Бӯстон ба ҳамин тарафи масъала аҳамият надодаанд?
-Намедонам, вале ба рафти ҳодисаҳо аз нигоҳи имрӯза баҳо доданамон лозим меояд.
-Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки як сар нағз, вале ду сар боз нағзтар, - гуфтам ман.
-Ин хел бошад, рафтем?
-Ба куҷо?
-Ба прокуратураи ноҳияи Бӯстон.
-Барои ин мактуби расмӣ лозим.
-Пас чаро истодаед, мактубро нависед.
-Бо имзои шумо он мактубро тайёр намоям.
-Бо имзои Спартак ва аминам, ки ӯ моро дастгирӣ хоҳад кард...
-Аминам, - гӯён ман коғазро ба мошинкаи чопӣ андохтам...
...10...
Котиба духтараки лоғарандоме матлаби бандаро тариқи селектор ба патронаш гӯшрас намуд.
-Аз ноҳияи Сарчашма гуфтед?
-Ҳа, аз ШКД-и ноҳияи Сарчашма, Сорбони Ҳомид.
-Бигузор дарояд!
-Марҳамат, дароед.
Ман кулоҳ ва борониамро ба либосовезак овехта, дари дуқабатаро ки сарҳомии қонунро аз котибааш чун Девори Бузурги Чин ҳифз менамуд, кушодам.
-Марҳамат гузаред, - гуфт марде, ки дар лоғарӣ котибаашро бо як нӯл мезад. Аз чӣ бошад ки ман ҳамон лаҳза дар симои ӯ сардори бехатарии империяи гитлерӣ Калтенбрунерро ба ёд овардам. Прокурор ба ишораи дасташ ба ман курсиеро нишон дод.
-Ташаккур, - гӯён ба курсӣ нишаста, аз ҷузвдони дар дастам буда мактуби расмии бо имзои Раҷабов овардаамро болои мизи кории эшон гузоштам.
Дар замоне ки прокурор саргарми мутолиаи номаи овардаи ман буд, бори дигар бо гӯшаи чашм ба ӯ нигоҳ намудам. Бемуҳобот, сарҳомии қонуни ноҳияи Бӯстон б*/8/о ҳамон актёре ки нақши Калтенбрунерро дар филми “Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор” бозида буд, як себи дукафонро мемонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё