Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Пурсидӣ, ман гуфтам, вагарна ба ҳеҷ кас. Ҳамин хел давру замон шудааст, ки дурӯғ бар рост ғолиб омада ва хар бологузару асп паси дар монда...
-Киноя мегӯӣ, ҳа?
-Не, росташро гуфтам, бубин ту бо ҳамшаҳрат чӣ кардӣ ва боз аз Офаридгор омӯрзиш мехоҳӣ.
-Ман агар аз ин варта берун оям, тавба мекунам.
-Берун омаданат ба гумон.
-Фарҳоди Аваз гуфт, ки маро намефӯрушад.
-Гуфт, гуфт.
-Чӣ ба вай ҳам боварӣ надорӣ?
-Тағоят гурги борондидааст ва он чӣ ки ӯ ваъда дод, ин рост аст, чунки ҷазо барои ҷинояти муташаккил сахтар аст, вале ки кафолат медиҳад, кӣ худат ӯро намефӯрушӣ?
-Кӣ ман?
-Бале.
-Не, агар ӯ маро нафурӯшад ман ҳаргиз...
-Мебинем...
Зери равшани чароғи барқӣ суроби марди низомипӯшеро дида вуҷудаш ларзид, вале ҳамоно худро ба даст гирифта, кӯчаро миёнабур карда, ба самти муқобил гузашт. Ҳанӯз се ҳафта пеш агар рафту шабона дар кӯча милисаеро медид, дилаш аз фараҳ лабрез мегашт, вале имшаб...
Рафтори имшабааш рафтори гургро не, дуздро мемонд. Гург ҳеҷ гоҳ чунин буздил нест, дузд ин дигар гап. Агар гург буздил мешуд, аз ҳай-ҳайи чӯпон метарсид! Гург чун ба рама наздик шавад, дигар на парвои чӯпон дораду на парвои ҳою ҳуяш.
Дузд чӣ? Дузд чун худи ту аз сояи хеш метарсад, мисли оне, ки лаҳзае пеш худат аз суроби милиса тарсидӣ. Аслан дузд ба рӯбоҳ монанд аст, мисли рӯбоҳ тарсу...
Ҳамагӣ се ҳафта пеш ӯ овоза кард, ки Давлати Баҳромро барои дуздӣ милиса ҳабс намудааст. Хайрият касе аз пайи шахси овозаандоз нахест, шояд ҳаволааш ба Худо гуфтанд ва Парвардигор худ сахию меҳрубон аст ва бо мадади хеш Давлати Баҳромро аз он варта берун овард, ӯро берун оварду...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор