Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Некиро некиву, бадро бад расад...
-Давлати Баҳром ба кӣ некӣ кардааст?
-Вале бадиро ҳам ба касе раво надида.
-Магар ҳамин ҳам басанда аст?
-Албатта.
Ба гирду атроф чун рӯбоҳ назар афканда, ба тарафи боғ рафт
46 ва то соати 23 дақиқа болои курсии дарозрӯяе нишаста ба қавле истироҳат кард, чунки ба хобгоҳ рафтан маъние надошт. Як шаб як шаб гӯён худро тасалло дод. Чун аз ҷой бархест, пиёда ба самти масҷиди кӯчаи Заргарон роҳ пеш гирифт. Ӯ бисёр мехост, ки ба асли воқеа хабардор, шавад. Чунон саргарми хаёлоти хеш буд, ки ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наовард, ки мошине ӯро “дунболагирӣ” дорад...
...51...
“Муҳимаш он ки бачаи Фотима то субҳ сабр намояд,” - баробари гусели ҷиян ба хона баргашта аз дил гузаронд ҷарроҳ.
-Ҷиянат худи ҳозир рост ба масҷид меравад, магар шарт буд, ки нақшаи хаёлиеро ба ӯ диҳӣ?
-Чаро нақша хаёлӣ будааст? Охир ман худам чанд маротиба барои ибодат ба масҷид рафта будам,-ку ва ҳар як хишти онро нағз медонам, ки чӣ хел ҷойгир шудааст. Агар Асрор то субҳ наравад, ман баҳри ӯ чунон саҳнае барпо кунам, ки ҳақиқатро бо чашми хеш бубинад.
-Чанд бор ба масҷид рафтанатро медонам, вале ба фикрам, худат на ба нияти ибодат ба он манзил ташриф оварда будӣ.
-Ба масҷид баҳри ибодат мераванд, на барои...
-Медонам, вале вақтҳои охир кулли дузду роҳзан ҳам ибодатгар шудаанд.
-Ба кори Оллоҳ таоло шак набиёр.
-Тавба кардам, вале масҷид на ҷои худнамоишдиҳист, балки ҷои покист. Марде ки баҳри намоз пой бар остонаи хонаи Худо мениҳад, бояд аввал аз ҳама фисқу фасод даст кашад ва ботини хешро аз ғайбату ҳасрат пок намояд ва пас пой бар остонаи масҷид ниҳад ва бо Худои азза ва ҷалла роз гӯяд. Худат бошӣ, масҷидро
Мақоли халқӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор