Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

хаёлан ба бандари роҳзанҳо ташбеҳ додӣ ва ҷиянат бо пойи нопок қадам бар он остонаи муқаддас хоҳад ниҳод.
-Бандаи мусулмон ба ҷойҳои муқаддас набояд бе таҳорат равад.
-Худат-ку меравӣ?
-Таҳорат карда меравам.
-Аз тарабхона ҳа?
-Ман имшаб наменӯшам. Чун нанӯшам таҳорат кардан баҳри ман мисли ду карат ду...
-Бо тани пок ва дили нопок, а?
-Ман бояд баҳри ҷиян саҳначае омода созам, то ба рост будани суханонам бовар намояд.
-Ба ҷуз масҷид ҷои дигар набуд?
-Масҷид ин ҷои боваринок аст, ки ба суханат ҳам дӯст бовар мекунаду ҳам душман...
-Чӣ бешарафие.
-Чӣ хел бешарафӣ?
-Охир масҷиди мусулмонҳоро баҳри ниятҳои нопоки хеш истифода бурдӣ”.
Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айб ки ҳаст дар мусулмонии мост.
...
Чун қалбаш дигар посух надод, ӯ аз ҷой бихест ва ба тарафи ошхона рафт. Плиткаи газ аз ҷой беҷо кард ва тахтаеро аз зери он бардошта даст ба сӯрох бурд...
Ниҳоят аз он сӯрох қутти оҳанинеро берун овард ва ҳамаи ҷиҳози дохили он болои рӯзномаи кӯҳнае бирехт ва даҳ-дувоздаҳ номгуи ашёҳоӣ тиллоӣ бо худ бигрифт ва боқӣ он ҳама аз нав ба қуттӣ андохта, ба сӯрох ниҳод ва тахтаи фарш ба ҷояш гузошта, газро ба тарафи девор тела дод...
“Барои навбати аввал ҳаминаш басанда,”-гуён баъди тағйири либос сумкачаи дастиашро, ки “бозёфтҳои хеш” ба он гузошта буд, гирифта аз хона баромад...
Ҳарчанд шаб бо тамоми ҳастияш ҳукмронӣ дошт, вале мардумони зиёде дар кӯчаҳои шаҳр дар зери равшании барқ сайругашт доштанд. Духтаре саргарми хаёлоти хеш аз оламу одам бехабар дастобадаст ҳамроҳи ҷавоне аз паҳлуи ӯ гузаштанд ва тире дар ниҳоди ӯ ниҳоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор