Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аслан аз ҳама чеҳраҳои дар филми бадеии дар боло зикршуда дидаам чеҳраи Калтенбрунер ба назарам сард намуда буд. Шояд ҳамаи инро сабаб он бошад, ки ӯро қаҳрамони асосии филм Штирлетс дар хотироти ҳамон лаҳзаниааш ҳангоми видоъ бо профессор Плешнер ба худи Гитлер шабеҳ дода буд.
-Аҷиб, онҳо ҳама мехоҳанд ба Гитлер монанд бошанд, - гуфта буд Штирлетс ҳангоме ки Калтенбрунер сари фарзанди профессори фавтидаро чун доҳияш сила намуд...
-Тайи панҷ сол мо дар ин ҷода гиреҳе ба даст оварда натавонистем ва рафиқ Раҷабов гумон дорад, ки ин кор ба ӯ ва зердастонаш даст медиҳад, - ниҳоят овоз рӯшан кард прокурор ва ҳамин садо манро аз парвозҳои дур ба замин баргардонд.
-Шуморо нафаҳмидам, рафиқ прокурор, - иқрор шуда гуфтам ман.
-Мегӯям, ки...
-Намедонам ин кор ба мо ҳам даст медиҳад ё не, вале ҳаёти нафаре ки дар парвандаи пешин чун шоҳид баромад кардааст, дар хатар аст.
-Ӯ кист?
-Қиёми Абдулхайр.
-Ба фикрам, Нозим Ятимро баъди қатлаш ҳамин нафари гуфтаатон дарёфта. Исто, ки чанд рӯз пештар нафаре аз шумо бо ҳамин парванда шинос шуда буд, пас чаро аз ӯ напурсидед?
-Танҳо баъди ҳамон шиносоӣ мо ба хулосае омадем, ки байни ҳодисаи панҷ сол пеш рухдода ва ҳодисаи шаби 1 ноябри соли равон дар даҳлези хонаи ҳамон шоҳид ба вуқуъ пайваста пайвастагие ҳаст.
-Чӣ хел ҳодиса?
-Субҳи 1 ноябри соли равон дар даҳлези хонаи Қиёми Абдулхайр тариқи ҳамон яроқе, ки бо он Нозим Ятим ба ҳалокат расонида шуда буд, нафари дигаре ба ҳалокат расонида шуд.
-Ҳамаи ин аз сустии кори мову шумост, мефаҳмед?
-Албатта.
-Шумо бошед, гумон доред, ки қотили Нозими Ятим дар он парванда чун шоҳид баромад намудааст?

пешина
аз 429
навбатӣ