Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Мо ҳеҷ гумон надорем, вале донистан мехоҳем, ки муносибати эшон бо атрофиён чӣ хел буд?
-Он парвандаро ман худам чанд маротиба мавриди таҳлил қарор додам ва медонед ба кадом хулоса омадам?
-Намедонам.
-То шумо дурусттар ба рафти ҳодисаҳо сарфаҳм равед, бояд бигӯям, ки Нозим Ятим дар тиҷорат марди беназире будааст.
Тасаввур намоед, ки як ронандаи одии автобазаи шаҳрӣ баъди нобасомониҳои солҳои навадум тағйири касб намуда, соҳиби чандин дӯкон ва қасри сеошёнае гашта. Ҳамаи онҳое, ки бо вай пайванди дӯстӣ доштанд, тафтишотро бовар кунониданд, ки Нозим Ятим дар тиҷорат аз сифр сар кардаву бо меҳнати ҳалол ба чунин муваффақият ноил шуда.
-Хуб аст, ки нигоҳи мардум нисбати эшон мусбӣ будааст.
-Ман ҳам то ҳамин лаҳзаҳо чунин мешумурдам, вале...
-Вале чӣ?
-Гумон намекунам, онҳое ки Нозим Ятимро ситоиш кардаанд, чун Уинстон Черчел сухани беғаразонае гуфта бошанд.
-Чун Черчел?
-Бале, рафиқ капитан.
-Намефаҳмам.
-Медонед собиқ сарвазири Британияи Кабир Уинстон Черчел дар нисбати собиқ сарвари давлати мо чӣ гуфта буд?
-Не.
-Черчел ҳамон марди паҳлавонҷусса дар нисбати сарвари давлати мо ки марди хурдҷуссае буд, гуфта буд: “Сталин Русияро
9 бо омоч қабул кардаву бо яроқи ядроӣ боқӣ гузошт”
-Чӣ баҳои баланде!
-Бале, баҳои ҳақиқӣ ва беғаразона, мо-ку он солҳо хурд будем, вале аз забони калонсолон дар бораи хислатҳои оҳанини ин марди гурҷӣ бисёр шунидаем, ин ҷо бошад...
-Гумон доред, ки онҳое ки эшонро ситоиш намудаанд, ғуборе дар дил доштанд.
9 У.Черчил:-“Сталин принял Россию, с сохой, а оставил ядерным оружием”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё