Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Беҳтараш худатон ба он парванда шинос шаведу хулоса бароред, - гӯён прокурор ба гӯшаи номаи овардаам чизе навишта ба дастам дод.
Ман бори дигар ба эшон ташаккур гуфта аз ҷой бархостам.
-Муфаттиш Фаромузова дар қабати якуми бино, ҳуҷраи шашум, - гӯён прокурор бо нигоҳи сардаш бандаро гусел намуд.
Баъди на бештар аз ду дақиқа ман вориди дафтари кории Фаромузова шудам ва номаро ба дасташ дода, ба курсӣ нишастам...
Дафтари кории муфаттишро қарибиҳои шом, ки дар ин моҳ ба соати ҳабдаҳ рост меомад, тарк намудам...
Чун офтоб кайҳо ба ғуруб рафтаю шом фаро расида буд, банда имконияти пурра ба хона рафтанро доштам, вале ҳамоно ба хотир овардам, ки гармкунаки барқиро аз ноқилҳо ҷудо накардаам. Аз ба ёд овардани ҳамин кор таъбам тира шуд. Аслан ба коргоҳ рафтан ё нарафтани ман назарияи эҳтимолиро мемонд, вале аз девори каҷ ҳазар гӯён банда қарор додам, ки баҳри осудагии қалбам бояд ба корхона равам. Баъди чанд лаҳзаи интизори худро бо азобе даруни автобус гирифта, қоматамро дар байни анбӯҳи мусофирон рост намудам.
Тайи чанд соати дар прокуратураи ноҳияи Бӯстон буданам, ин аввалин лаҳзае буд, ки ман дар танҳоӣ метавонистам сари ҳодисаҳои хондаву шунидаам андеша намоям. Ҳарчанд дар байни анбӯҳи мусофирон худро нороҳат ҳис мекардам, вале мавҷи хаёлотам қобилияти парвози хешро гум накарда буд.
Чандин дӯкон ва кохи сеошёна дар маркази шаҳр худи сарҳомии қонунро нороҳат сохта бошад ҳам, вале дар асоси нишондоди шоҳидон ӯ коҳи кӯҳнаро бод кардан нахостааст ё шояд нахостааст, ки болои захми қалби наздикони тоҷири аз дорулфано ба дорулбақо реҳлат намуда боз намакоб пошад. Рафту агар муфаттиши прокуратураи ноҳияи Бӯстон нисбати ҳамин масъала кунҷи нигоҳашонро каме тағйир медод, шояд парвандаи мазкур муддати панҷ сол муаммои сарбастаро намемонд. Чӣ хеле ки гуфтам, мавқеи ишғолкардаи ман дар нақлиёти шаҳрӣ характери стратегӣ ҳам надошта бошад, вале доираи парвози мурғи хаёлотам маҳдудияте надошт. Ҳамаи инро шояд сабаб он буд, ки дар автобуси мазкур ман ягон шиносеро вонахӯрдам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё