Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҳамин лиҳоз ба гумон буд, ки дар самти парвози хаёлотам монеае сари роҳ ояд...
Новобаста аз нигоҳи сарди он марди сӯзанхӯрда суҳбати вай бароям хуш омад. Худи прокурор дар ҳамин суҳбати кӯтоҳ иқрор шуд, ки ба гумон аст шоҳидон баъди марги Нозим Ятим сухани ҳақро гуфта бошанд. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар банда ҳангоми шиносоӣ бо парвандаи ҷиноӣ бо нишондоди шоҳидон назар намуда, лаҳзаҳои алоҳидаи он нишондодҳоро болои чандин лисон ба ёдгор гирифтам...
Бисёр мехостам, ки нишондоди Қиёми Абдулхайрро болои мизон гузорам, вале “Рафиқ капитан!” гуфтани нафаре мавҷи андешаҳоямро ба боди фано дод...
Бо азобе ҷисми хешро тоб дода, ба сӯи овоз гаштам, вале шиносеро надидам ва ба хулосае омадам, ки ба ҷуз банда дигаре низ бо чунин унвон савори автобус ҳаст. “Хайрият овоз рӯшан накардам,”- зери лаб гуфтам ба худ ва каме осуда шудам.
Аз чӣ бошад ки то истгоҳи пеши бинои милиса мавҷи хаёлотам дигар азми парвоз накард.
Чун аз забони навбатдор фаҳмидам, ки тайи он муддате банда дар идора набудам, касе ба суроғам наомадааст, каме осуда шуда, ба тарафи ошёнаи дуюм ҳаракат намудам. Дар байни зинаҳои ошёнаи якуму дуюм Абдурашиди Шарифро дидам, ки ба поён мефаромад.
-Оё шумо имшаб шомили гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ҳастед? - баробари дидани банда пурсид собиқ лейтенанти калони гвардия.
-Не, чӣ буд?
-Ҳамин хел пурсидам, рафиқ капитан.
-Шумо чӣ?
-Ман нияти ба хона рафтан дорам.
-Набошад, дар берун манро интизор шавед.
-Хуб шудааст,- гӯён Абдурашид аз зинаҳо ба поён рафт ва ман боз ба самти ошёнаи дуюм қадам задам.
Дарро кушода ҷузвдони дар дастам бударо болои миз гузошта, гармкунаки барқиро аз ноқилҳо ҷудо намуда, чароғро хомӯш намуда, пас гаштам...
-Ман ҳеҷ сабаби дар ҳамин нисфи шаб бозгаштани шуморо нафаҳмидам, баробари дубора дидани ман гуфт Абдурашид.

пешина
аз 429
навбатӣ