Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ҳоло соат чанд?
-Ҳаждаҳу сиву чор дақиқа.
-Боз шумо собит кардан мехоҳед, ки нисфи шаб аст.
-Ба осмон нигар, рафиқ капитан.
-Чӣ илоҷ ки рӯзҳои тирамоҳ ҳамин хел кӯтоҳанд.
-Оё шумо он мактубро ба прокуратураи ноҳияи Бӯстон бурдед?
-Бале, чӣ хеле ки мебинед, ман худи ҳозир аз ҳамон ҷо омадам.
-Шер ё рӯбоҳ?
-Ҳоло чизе гуфта наметавонам.
-Чаро?
-Чунки бо ҳамаи он шоҳидоне, ки сифати некии Нозим Ятимро намудаанд, вохӯрданамон лозим.
-Шуморо нафаҳмидам.
-Чияш нофаҳмост, чун шумо ва Бахтиёри Қурбоналӣ ҳам шомили ҳамин гурӯҳи тафтишотиед, аз сари субҳ бояд аз пайи ҳамин кор шавед.
-Чӣ, мо не гуфтем?
-Не, албатта.
-Шояд амр диҳед ки сари субҳ аз хона рост баҳри пурсиши ҳамон шоҳидон равам.
-Сабр ва боз ҳам сабр.
-Боз чӣ шуд?
-Чун банда коғазҳои аз прокуратура овардаамро дар идора мондам, сари субҳ онҳоро баҳри шиносшавӣ ба шумо медиҳам.
-Ҳарчи фармоед, рафиқ капитан.
-Агар зид набошед, боз каме пиёда қадам занем.
-Бисёр хуб, акнун донистан мехостам, ки оё ягон нӯги гиреҳро умеди дарёфтан ҳаст?
-Умед шуълаи охирин дар замири инсонҳост.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки он шуъла кайҳо фурӯзон аст?
-Бе ин ҳам ҳамааш аён аст. Онҳое ки ҷиноят содир мекунанд, гумон доранд беҷазо мемонанд, мо бошем чун аз рӯи ҳамин касб нон мехӯрем, андешаҳоямон бархилофи нафаронест, ки пой болои қонун гузоштанд.
-Яъне онҳо ҳам Худо мегӯянду мо ҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё