Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Чун Офаридгор ростгоронро дӯст медорад, мо ба анҷоми неки кори хеш умед мебандем, агар чунин намебуд зиндагӣ маънии хешро гум мекарад.
Мо боз муддате паҳлуи ҳам хомӯшона қадам задем ва дар сари чорроҳаи аввалин аз ҳам ҷудо шудем...
...11...
-Субҳ ба хайр, рафиқ капитан.
-Субҳ ба хайр.
-Тамоми шаб мижа таҳ накардам.
-Чӣ ягон гап шуд?
-Не, сари ҳамон гуфтаҳои дишабаи шумо андеша намудам.
-Хуш ба кадом хулоса омадед?
-Некиро некиву бадро бад расад.
-Чӣ андешаи неке ва Худованд ҳамеша дар пушту паноҳи ростгорон аст.
-Мехостам бо ҳамон коғазҳои аз ноҳияи Бӯстон овардаатон ишнос шавам.
-Бахтиёри Қурбоналиро интизор шавем-чӣ?
-Бахтиёрро ин субҳ каме тобашон гурехта будааст, барои ҳамин ҳам омада натавонистанд.
-Модоме ки чунин аст, ана коғазҳо, марҳамат, шинос шавед, - гӯён ман ҷузвдони ҳанӯз дар болои мизи кориам бударо бардошта ба дасти мусоҳибам додам.
Тайи қариб бист дақиқае, ки Абдурашид бо иқтибосҳои аз парвандаи ҷиноятие, ки рӯзи гузашта банда аз прокуратураи ноҳияи Бӯстон оварда будам, шннос шуд, ман баъзе корҳои рӯзмарраи хешро аз рӯи дигар парвандаҳои ҷустуҷӯӣ ба сомон расонидам. Ниҳоят мусоҳибам лисонҳои мутолианамудаашро дубора ба ҷузвдон гузошта, гулӯ рӯшан намуд.
-Хайр, ба ягон хулоса омадед?
-Гумон мекунам, ки Нозим Ятим дар куҷое пой ба болои қонун гузоштааст.
-О дар навиштаҷоти банда, ки чун иқтибос аз нишондоди шоҳидон гирифта шудааст, дар ин бора ҷумлае нест. Баръакс, ҳамагон бар он андешаанд, ки тоҷир ҳама давлату савлаташро аз меҳнати ҳалол ба даст оварда.
-Шумо чӣ?

пешина
аз 429
навбатӣ