Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Мо ба ҳодисаи панҷ сол пеш рухдода чӣ ҳам гуфта метавонем?
-Ба гумон аст, ки шумо, рафиқ капитан, баъди шиносоӣ бо парвандаи панҷ сол пеш оғоз гардида ба он шоҳидон ҳамақида бошед.
-Аз рафти ҳодисаҳо пеш давидан мумкин нест, ба замми ин мо на шоҳид, балки ҷӯяндаи ҳақиқатем ва байни ин ду чиз фарқест аз замин то ба осмон.
-Шуморо фаҳмидам.
-Ин тавр бошад, аз пайи кор мешавем. Он ҷо чанд шоҳид?
-Ҳашт нафар.
-Набошад чор ба чор.
-Зид нестам.
Ниҳоят ҳар кадоми мо ному насаби он чор шоҳидеро, ки бояд вомехӯрдем, навишта гирифтем ва дар як вақт аз бинои милиса баромадем.
-Бегоҳӣ боз дар ҳамин ҷо вомехӯрем, - гуфтам ман ва ба тарафи шарқ қадам гузоштам. Абдурашид бошад, ба самти муқобил рафт.
Сари роҳ ман ба прокуратура даромадам, вале муфаттишро наёфтам, чун вақти интизор шудан набуд, ҳамоно он маҳалро тарк намудам.
То нимаи дуюми рӯз бо ду тан аз он шоҳидон вохӯрдам ва ҳамин қадар фаҳмидам, ки онҳо бо Нозим Ятим дар тиҷорат ҳамкорӣ доштаанду боре ҳам тайи чандин соли ҳамкорӣ сухани онҳо ду нагашта...
Баъди чунин ҳамкорӣ онҳо ба тафтишот дигар чӣ ҳам гуфта метавонистанд...
Баъди тановули нисфирӯзӣ ман бо шоҳиди сеюми дар рӯйхат сабти ном шуда вохӯрдам. Ӯ нисбат баду шоҳиди аввала ҷавонтар ҳам бошад, аз гузаштаи собиқ ронанда дурусттар огоҳӣ доштааст.
-Ба андешаи кунунии банда Нозим Ятим қурбони нафс гашта,

  • ба суолам посух гуфт Киром Ҳайдари сию сесола (шоҳидро чунин ному насаб буд)
    -Пас чаро дар ин бора ба тафтишот хабар надодед?
    -Гуфтам, ба андешаи кунунии ман.
    -Шуморо нафаҳмидам.
пешина
аз 429
навбатӣ