Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ба ҳамин наздикӣ банда хабар ёфтам, ки касе қасд ба ҷони шогирди Нозим Ятим намудааст.
-Ному насаби шогирдаш.
-Қиёми Абдулхайр.
-Манбаи хабар кист?
-Ҷӯрабек ном рафиқе дорам, замоне бо ҳам буҷулбозӣ мекардем.
-Ӯ чикора аст?
-Дар бозор аробакаш.
-Хуш ӯ чӣ гуфт?
-Гуфт, ки кадоме қасд ба ҷони шогирди Нозим Ятим намудааст.
-Шояд вай даҳҳо шогирд дошта бошад.
-Ҳаргиз ин тавр нест. Нозим Ятим дар зиндагӣ ба ҷуз Қиёми Абдулхайр дигар касеро даст нагирифта.
-Чунин илтифот ба кадом хотир будааст?
-Намедонам, вале ба ҳама он чӣ ки Қиёми Абдулхайр ноил шудааст, эшон саҳмгузор буд...
Дигар бо Киром Ҳайдар суҳбат намудан суде надошт ва ман бо ӯ худоҳофизӣ намудам.
Дидани шоҳиди чорум ҳам ба ман муяссар нашуд. Ӯ соле қалб ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта будааст...
Албатта, ман имконият доштам, ки ба бозори “Корвон” ба суроғи Ҷӯрабеки аробакаш равам, вале чун офтоб кайҳо ба ғуруб рафта буд ва дигар рафтанам ба он ҷо маъние надошт.
Баъди ин ҳама давутозҳо ба идора баргаштам ва омадани Абдурашидро мунтазир шудам.
Баъди ним соат Абдурашид ҳам омад.
-Ягон навигарие ҳаст? - баробари дидани ӯ пурсидам ман.
-Бе дарди саре нишаста будам, пул додаму дарди сари харидам, - гуфт мусоҳибам ва илова намуд, ки аз давутози зиёд имрӯз луқмаи ноне ба даҳон набурдааст, бо шиками гурусна бошад, суҳбат чандон барояш гуворо нест...
...12...
Чун мо пой ба остонаи тарабхонаи “Шамими роз” ниҳодем.
толори холиро дида тааҷҷуб кардем, вале пешхизмат моро бовар кунонид, ки соате пас хоҳед дид, ки агар сӯзан партоӣ, ба замин нарасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё