Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Дар ҳақиқат, ҳанӯз соате нагузашта ҳамааш аз бад бадтар шуд, вале ҳамаи он шӯру ғавғо дигар садди роҳи суҳбати мо шуда наметавонист. Тайи ҳамин муддати кӯтоҳ ба ҷуз оне, ки ману лейтенанти калон тановули шомро бо ҳам дидем, боз Абдурашиди Шараф аз ҳамаи он бурдборию нобаробариҳои хеш тайи ҳамин як рӯзи охир сухан гуфт.
Вақте ки мо аз тарабхона мебаромадем, дар зери садои омехтаи мусиқии Шарқу Ғарб хонуми нимбараҳнае аз шикасти муҳаббат рози дил мекарду ҷавонони сархуш қарсақ задаю пойкӯбӣ мекарданд...
-Ё тавба, чунинашро ҳам дидем, - гуфт Абдурашид.
-Моем дар ин гунбанди фирӯзарухом, на кофири мутлақ, на мусулмони тамом!
-Дуруст, рафиқ капитан, дуруст. Биёед беҳтараш тезтар аз ин ҷо равем, - гуфт Абдурашид ва худ аввалин шуда аз дар баромад.
Ман ҳам борониамро гирифта баромадам.
-Ҳа, бародар, чаро ин қадар ошуфтахотир менамоӣ? - баробари дар паҳлуи ӯ рост шудан пурсидам ман.
-Эй напурс, акои Сорбон.
-Боз чӣ гап шуд?
-Ҳамон духтараки нимбараҳнае, ки аз шикасти муҳаббат вазъ мегуфт, соле пештар дар ҳамсоягии мо зиндагӣ дошт. Дар шикасти муҳаббаташ вай аслан худаш гунаҳкор аст, вале афсӯс ки то кунун касе нагуфтааст, дӯғи ман турш аст...
-Ҳарчи киштӣ, ҳамон медарави, ҷав кишта интизори дарави гандум шудан аз камоли хирад нест. Бубин, ҳамсоядухтари шумо ҳам бо худ чӣ кардааст, гумон дорӣ, ки ӯ аз кардаи хеш пушаймон нест?
-Намедонам.
-Дар дунё ҳама корҳо пушаймонӣ доранд, хусусан корҳое, ки аз доираи одоб берунанд...
-Ба фикрам, ҳамин хел аст.
-Гумон мекунам шумо ҳам аз ба милиса омаданатон чандон шод нестед, ё гапам нодуруст?
-Аз куҷо ба чунин хулоса омадед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё