Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Аз ҳамон шеъри бегоҳӣ гуфтаатон.
-Сиришти одамӣ ҳамин аст, ки гумон мекунад он ҷое ки ман нестам, аз ҷои кунуниам беҳтар аст.
-Ҳамааш ҳамин?
-Ҳамин.
-Ман бошам гумон намудам, ки ягон асроре шуморо аз гвардия ба милиса овард.
-Ҳеҷ ягон асроре нест, ба ҷуз оне ки ман худ фарзанди корманди милисаам.
-Пас чаро сараввал баъди хатми донишгоҳ ба милиса наомадед?
-Чунки баробари хатми донишгоҳ маро ба сафи Артиш гирифтанд, тақдир бошад бандаро ба Гвардияи миллӣ партофт.
Хеле шодам, ки аз пайроҳаи родмардони Ватан гузаштам. Чун муҳлати ҳақиқати хизмати ҳарбӣ поён ёфт, ман бо сари баланд аз он ҷо рафтам, чунки падарам дар ниҳоди ман муборизеро ба муқобили ҷинояткорӣ бедор намуда буд.
-Гуфтед, ки бе дарди саре нишаста будам.
-Чун тамоми рӯз луқмаи ноне ба даҳон нагирифта будам, шояд ҳамин мисраъҳо чун шикоятнома аз сириштам берун омад, вале ман хеле шодам, ки бо шумо барин пирони кор паҳлу ба паҳлу истода, ҷиноят ва ҷинояткориро дар кишвар ҷилавгирӣ мекунам.
-Тайи ду соли дар милиса кор канданатон ба фикрам касе сабаби аз гвардия ба милиса омаданатонро намедонад.
-Ҳама гуна розҳо дер ё зуд ошкор хоҳанд шуд ва чун имшаб мо меҳмони “Шамими роз” будем, он рози ниҳон ҳам ошкор шуд, мисли оне ки дар давоми рӯз мо аз асрори рози панҷсола огоҳӣ ёфтем.
-Ҳеҷ боварам намеояд, ки...
-Офтобро бо домон пӯшидан ғайриимкон аст, мисли он асрори ронандаи тоҷири дар зулмат намонда...
Аз нигоҳи нафаре ки бо ваколадори кофтукови ҷиноятӣ Абдурашиди Шариф сари суҳбат қарор дошт, Нозим Ятим дар солҳои нобасмонии кишвар гӯё соҳиби мероси калоне гардида.
Ҳарчанд ҳамин манбаи ахбор чун Киром Ҳайдар, тафтишотро бовар кунонида буд, ки ҳар он чӣ Нозим Ятим дар соҳаи тиҷорат ба даст оварда буд, аз меҳнати ҳалоли худаш буд...

пешина
аз 429
навбатӣ