Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Фарз намудем, ки Нозим Ятим мероси калонеро соҳиб шуда буд ва шояд дар тиҷорат садди роҳи нафаре низ гардида, вале ҳамаи ин ба Қиёми Абдулхайр чӣ вобастагие дошта бошад?
-Сари ин масъала ман низ хеле андеша намудам, - қадаммониашро каме сусттар намуда гуфт Абдурашид.
-Хуш ба кадом хулоса омадед?
-Гумон мекунам ба ин суол касе аз худи Қиёми Абдулхайр дида ҷавоби дурусттаре дода наметавонад.
-Мо ба муқобили вай далеле дар даст надорем, пас чӣ тавр метавонем ба ёрии ӯ умед бандем?
-Вай бояд дарк намояд, ки ҳаёташ дар сари мӯй аст, рафту агар ба тафтишот ёрӣ додан нахоҳад, ки ӯро тақдири устодаш интизор аст.
-Рафиқ лейтенанти калон, аз ёд набароред, ки дар марги муаллими донишгоҳ мо аз эшон низ гумонбарем.
-Дар ёдам ҳаст, вале агар дар марги Мирзои Абдураззоқ эшон даст дошта бошад, пас ҷои шубҳае нест, ки устодашро низ ӯ ба дорулбақо фиристодааст.
-Оё медонед, нафаре, ки як маротиба дурӯғ гуфт, ба дурӯғгӯӣ одат мекунад ва ҳамаи инро сабаб он аст, ки тафтишот дар нисбати чунин ашхос ҳатто чораҳои дар қонун пешбинишударо амалӣ намекунад.
-Ин ҳамааш аз хунукназарии худи мост, ки ба чунин амалҳо аз паси панҷа менигарем. Чун корд аз устухон гузашт, агар ба боло туф намоем, баргашта ба рӯямон меафтад.
-Сари субҳ ҳамон шоҳидро гирифта ба идора биё, шояд боз ягон хабареро ба ёд биёрад. Ба ҳар ҳол ӯро ба таври расмӣ пурсидан лозим!
-Хуб шудааст, - гӯён Абдурашид бо ман худоҳофизӣ намуд...
Ба сардии шаб нигоҳ накарда ман боз ду истгоҳи дигарро пиёда паймудам. Аслан шаҳр дар нисбати панҷ-шаш сол пеш хеле ором буд. Дар кӯчаҳо мардумони зиёде аз ҳавои тоза нафас гирифта, сайругашт доштанд. Умуман, зиндагӣ дар маҷрои худаш равон буду равон, вале...
Боиси таассуф буд, ки на ҳама ба қадри ин муъҷизаи худодод мерасанд. Бубин, баъди панҷ сол ҳам бошад, сухан дар атрофи собиқ ронандаи тоҷир тағийр ёфт ва он ҳодисаи шаби якуми ноябр дар кӯчаи Бинокорон рухдодаро бо ҳодисаи панҷ сол пеш ба амаломада пайваст намудан хост ва дигаре онро дар пайвастагӣ ба нафс дид, яъне худи гирифтани мерос шояд ба касе писанд нашуда...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё