Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чунин далелҳоро вай чӣ хел ёфтааст.
-Гап дар сари он меравад, ки нафареро, ки “Весовшик” ба мо ҳамчун “мудир” муаррифӣ намудааст, худ ва ё шояд бо супориши касе ҳама гуна додугирифти хешро бо шахсиятҳои воломақом пинҳонӣ сабт намудааст. То дар ҳолати зарурӣ онҳоро барои иҷрои амале ба манфиати “синдикат” водор намояд...
-Пас чӣ сабаб гардидаву чунин сабтҳоро ба нафаре, ки дар “синдикат” то ҳанӯз мақому манзалате надорад, нишон додааст?
-Пеш аз ҳама боварӣ, ки ҷаноби Эрик Рура. Бубин, мо ба ту он қадар боварӣ дорем, ки суфраи ниҳонии хешро, ки барои рӯзи мабодо нигоҳ медорем, чун дастурхони Наврӯзӣ пешат мегузорем.
-Боз чӣ?
-Барои он ки Рура ба қудрати онҳо бовар намуда, барои кадом як супориши ба нақша гирифтаашон омода шавад.
Сорбони Ҳомид баъди андешаҳои зиёде дар атрофи амалиёте, ки оғозаш неку анҷомаш ноаён буд, боз каломеро аз ҳикмати гузаштагон ба ёд овард: “Мангар ки кӣ мегӯяд, бингар ки чӣ мегӯяд” ва нафаре, ки барои интиқоли маводи мухаддир се соли ҳаёташро паси панҷара гузаронида буд, ба хотири ишқи сармозадааш ва муҳаббати беолоишаш ба Маргарита тарзе сухан гуфт, ки онро дигар бо табар ҳам имкони буридан набуд...
Капитани милиса ҳуҷҷатҳои оид ба ин амалиёт гирдовардаашро ба ҷузвдони коғазине андохта, ба ҳузури сарвари милиса рафт...


-Акнун сар шуд, - гӯшакро ба ҷояш гузошта гуфт прокурор.
-Чӣ сар шуд? - пурсид ҳамсараш, ки се рӯз боз барои оромии асаб ба ӯ “элениум” медод.

  • Канонада!
    -Нафаҳмидам?
пешина
аз 441
навбатӣ