Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Канонада ин ҳуҷуми ҳавоист, ки тариқи мушакпартоӣ заминро ба ларза меоваранд ва заминиён дар куҷо панаҳ шуданашонро намедонанд.
-Ором шав, мардак, намедонам чӣ балот расидааст, ки ин қадар фикр мекунӣ?
-Ин ба гуфтан осон.
-Шукр мо дар зиндагӣ камбудие надорем, пас чӣ лозим ин ҳама андешаҳои бесару нӯг?
-Барои дар байни чунин андешаҳо наафтидан “нимта нон

  • роҳати ҷон” гуфта ба каму беши зиндагӣ шукр бояд мегуфтем. Даҳ бор гуфтам, ки харидани мошини хориҷии “Волво” боиси гапу калочаҳо шуданаш мумкин, вале ту бошӣ...
    -Боз ҳамон коҳи кӯҳнаро бод кардан мехоҳӣ: “Шал чӣ дорад, як арра мемонаду мепара” прокурор шуда аҷаб чизе гирифтӣ, чунин мошинчаҳоро ҳама доранд. Агар “Лимузин” мегирифтӣ, чӣ кор мекардем?
    -Агар “Лимузин” мегирифтам, вай шогирди маҳмадонои Дастам Қосим эҳтимол аз дастам гирифта, маро ба ҳабсхона мебурд.
    -Кадом шогирдаш?
    -О, ҳамон Дарвозӣ.
    -“Бо дӯстон муруват, бо душманон мадоро,” О, ту чӣ хел прокурорӣ, кӣ бо чунинҳояш забон як карда наметавонӣ?
    -Гапат ҳам то андозае ҷон дорад, рафиқ занак, айби ман шуд, ки ба ҳимояи Соҳиб Хол бархестам ва он Дарвозии маҳмадоно қариб муфаттишро дар бекорагӣ айбдор намуда, дар нисбати банда низ суханони пасту баланд гуфт, аламовараш он шуд, ки сарвари милиса ба вай сухане ҳам нагуфт. Агар корҳо ба неки анҷом ёбанд, ман кӣ будани прокурор ва чӣ будани прокуратураро ба онҳо нишон медиҳам.
  • Кадом корҳо?
    -Баъзе корҳое ҳастанд, ки ҳалли мусбии хешро мехоҳанд ва донистани онҳо барои худат чӣ лозим!
    Зан дигар каломе ба забон наоварда тугмачаи чароғаки барқии дар паҳлуи рахти хоб бударо зер кард ва хона дар оғӯши зулмот монд... Дар торикӣ ҳам бошад, прокурор боз сари занги телефонии Григорий Хуморов ба андеша рафта, чӣ тавр аз ин варта баромаданро мавриди таҳлил қарор доданӣ шуд, вале ба оромии шаб нигоҳ накарда, ба хулосае омада натавонист ва дар интиҳо аз баҳри ин амал баромада чашмонашро пӯшид...
пешина
аз 441
навбатӣ