Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Зулайхо тай рӯзҳои 2-3 ноябр чанд маротиба аз телефони автоматии сари роҳ ба ёрдамчии Тоҳир Солеҳ занг зад, вале касе гӯшакро набардошт. Ҳамаи ин зангзаниҳо сабаб дошт ва ягона роҳи ҳали мушкилоти хешро ҷавонзан дар он медид, ки касе ба ҷуз Сорбони Ҳомид ба Фарҳод ёрӣ расонида наметавонад. Шуълаи муҳаббати Фарҳод дар замири ҷавонзан, ки замоне ӯро ландаҳур хондаву аз худ ронда буд, баъди аз болои кӯпруки ҳавоӣ дидани вай дубора ҷӯш зад ё дили замоне аз муҳаббат саршори зан ба аҳволи ин ҷавони қайсар сӯхт ва бо ҳар роҳе набошад, ӯро аз ин варта берун овардан мехост...
Шояд ин ҳама зангзаниҳои бе натиҷа ҳам ба бахти худи вай шуд, чунки Зулайхо ба гӯшаи хотир ҳам наоварда буд, ки номи Фарҳод Зариф аллакай дар ҳуҷҷатҳои милиса чун нашъаҷаллоб сабт шудааст ва милиса ӯро то вақту соати муайян ба ҳолаш гузоштааст. Не, ҷавонзан инро намедонист ва агар Сорбони Ҳомид гӯшакро мебардошт, эҳтимол таваҷҷуҳи милиса дар нисбати нафаре, ки замоне муҳаббати духтареро, ки ҳамроҳаш аз Маскав ба номи Исроил Фотеҳ чандин маротиба маблағҳоро бо арзи хориҷӣ фиристода буд ва боз номаш дар хабарҳои оперативии милиса ҳамчун нашъаҷаллоб сабт шуда буд, бештар мегашт ва тафтишот самти корҳои ҷустуҷӯйиро дар атрофи марги Исроил Фотеҳ дигаргун месохт ва хоҳу нохоҳ нақши ангуштони ӯро гирифта, ба ташхисгоҳ мефиристоданд ва онҳоро бо нақши ангуштони аз хонаи Исроил Фотеҳ гирифта муқоиса менамуданд...
Ба бахти Зулайхо, ки Сорбони Ҳомид гӯшакро набардошт ва ин амал боиси боз чанд рӯз дар озодӣ гаштани Фарҳод шуд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо