Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зулайхо баъди вохӯрӣ бо Тоҳир Солеҳ баҳри бекор кардани шартнома бо Хуморов чорае наандешид, чунки ӯ бо хоҳиши худ ин механизми дар қонун номнавис нашударо ба ҳаракат дароварда буд ва қавлу қасами хешро пеш аз муҳлат бекор кардан нахост ва акнун ки роҳи дарозро тай намуда, то ба назди телефон автомат омада буду ҳама зангзаниҳояш бо Сорбони Ҳомид бе натиҷа анҷом ёфтанд, хост ба Хуморов занг зада, аз натиҷаи корҳои ба зимма гирифтаашон пурсон шавад, вале ҳамоно аз райъаш гашт.
-Агар онҳо натиҷае ба даст меоварданд, ба хотири гарифтани маблағ маро меёфтанд ва модоме то лаҳзаи парвоз боз сию панҷ соат вақт ҳаст, занг задан маъние надорад. Бо ҳамин андешаҳо ҷавонзан гӯшаки телефонро ба ҷояш гузошта, дар оғӯши торикӣ ба тарафи хонаи амакаш роҳ пеш гирифт ва роҳравон боз Фарҳодро пеши назар овард...


Ба даст афтодани Ормон Файз тасодуфӣ нест. Охир маблағи зарар дар худи ҳамин ҷо ба як саду бист ҳазор доллар дакка мехӯрад. Маълум ки, касе дар звенои мобайни ба хато роҳ додааст. Пас ӯ кист?
Григорий Хуморов дар ҳамин ҷо боз сар ба андеша фурӯ овард...
-Шояд ҳамон немис?
-Ба гумон аст. Эрик бо азобе ҷон ба саломат бурдааст Латиф гуфт ки милиса як тирдонро аз қафояш холӣ намудааст ва умраш, ки боқӣ будааст, ҷон ба саломат бурда. Ба замми ин, ӯ аллакай мазаи “санатория” – ро чашидагӣ ва шояд аз ҳамин рӯ ҷон ба каф гирифта гурехтааст.
-Нафаре, ки Ҷамол дар борааш гуфт-чӣ?
-Не, ӯ ҳам намешавад. Бачаҳо дар борааш маълумот гирд овардаанд. Ландаҳури таппа тайёр. Ҳатто муддати ду соли дар Русия буданаш дасташро ба оби хунук назадааст. Барои ӯ ва ӯ баринҳо дар доираи қонун зиндагӣ намудан душвор аст.
Модоме ки шахс бо қонун ҳамқадам шуда наметавонад, пас мо ва мо баринҳо ҳамқадам ва пушту паноҳи ӯ ҳастем. Баъди хабари Ҷамол дафтари аъмолашро дубора варақ задем ва муайян намудем, ки ӯ аъзои фаъоли ҷамъията мо будааст.

пешина
аз 441
навбатӣ