Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Охир бе рухсати мо кӣ метавонад ба чунин амалҳо даст занад.
Ин ландаҳур мудирро бо чашми сар надидаст, пас чӣ тавр мо метавонем аз ӯ доманагир шавем? Албатта, ин масъаларо мавриди таҳлили бештаре қарор додан лозим меояд ва рафту агар Ормон моро нафурӯшад, мо он гурги бо ҷомаи меш дар паҳлуямон бударо ошкор хоҳем кард.
“Эй прокурор нашуда мур, бин акнун аз худ мусичаи бегуноҳ тарошиданист. Чун кораш афтид, мисли ғулом дастҳо пеши бар бо сари паст назди мо омад ва акнун, ки кори мо афтид, шабро баҳона кард. Эй хоҷа нашуда мур, ту ки акнун пой дар лаби ҷар истодаӣ ва агар чорае наандешӣ, на танҳо мо, балки дигар худатро низ ҳифз карда наметавонӣ. Аз овозаш фаҳмидам, ки мурданӣ тарсидааст ва Худо медонад аз дасти одами тарсу ягон кор биёяд.
То муҳлати парвози он мӯйбурида ҳам соатҳои башумор мондааст ва ба бахташ, ки корҳои мо чунин дӯлоб шуданд, вагарна ӯро аз мо роҳи халосӣ ҳам набуд.
“Рафту дар ин бора ба милиса хабар дода бошад-чӣ?” – нидо омад аз замираш.
-Ӯ агар ба милиса боварӣ медошт, ҳаргиз ба суроғи мо намеомад ва модоме худаш омад пас чӣ лозим аз болои мо шикоят намудан?” Бо ҳамин фикру хаёл ба умеди омади кор дар субҳи содиқ “мири олами ҷиноӣ” сар ба болишт гузошт...
Абдулхайр сари ду субҳи дигар низ рӯйи роҳ баромад, вале ягон мошине, ки ба тарафи шаҳр равад, пайдо нашуд.
Замоне ҳар рӯз ба Гулзор се тайёраи мусофиркаш меомад ва мусофиронро барои аз Гулзор ба дигар минтақаҳо рафтан мушкилоте набуд ва баъди пошхӯрии СССР аз он тайёраҳои хурдҳаҷм, ки бо номи АН-2 маъруфу машҳур буданд, дигар чун худи номи СССР нишоне намонд ва акнун се рӯз аст, ки Абдулхайр сари роҳ дар интизори мошин то ба шаҳр равад.
Ӯ сари андешаҳои хеш буд, ки ғайриихтиёр симои деҳқони крепостноии соли 1861-и Русияи подшоҳӣ аз китоби таърих, ки сари як пой рост истода, барои гузоштани пойи дуюмаш ҷой наёфта буд, бо зерматни “ин мард умедашро аз ҳама кандааст”- ро ба ёд оварда, баъди нисфирӯзӣ ӯ низ тобу тавон аз даст дода ба хона омад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо