Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Имрӯз ҳам нарафтӣ? - шавҳарро дар остона дида пурсид Муҳаррам.
-Ба фикрам, рафтани ман дигар суде надорад.
-Чаро?
-Наход дар ин се-чор рӯз Карим нарафта бошад.
-Кӣ медонад?
-Акнун тани Кариму тақдири Худо.
-Агар милисаҳо ба шаҳр хабар дода бошанд-чӣ?
-Чӣ хел хабар, онҳо ҳам мутазири рафтани ман буданд, то номаашонро бурда ба милисаи ноҳияи Сарчашма супорам.
-Номаро аз болои Каримҷон?
-Мо, ки ба бегуноҳии Каримҷон боварӣ дорем, пас чаро аз бурдани нома метарсидем?
-Дуруст. Сад ҳайф, ки дар чунин лаҳзаҳои барояш мушкил ба ёрии ӯ рафта натавонистӣ.
-Иншоолоҳ ӯ гуноҳе надорад ва ҳамаи ин даву този милисаҳо аз иштибоҳи худи онҳост ва чун Каримро бубинанд, ӯ бо далелҳо бегуноҳияшро собит мекунад.
-Иншоолоҳ...


Чун дари фӯлодин пушида шуд, ӯ лаҳзае пушти дар нафасашро рост намуда, сипас ба тарафи курсии дар фарш маҳкамкардашуда ҳаракат намуд. Чароғи барқи болоии дар базӯр ин хоначаи бетониро, ки ҳатто даричае надошт, равшан мекард. Ормон Файз ба курсӣ нишаста, зиндагии тираи хешро, ки чун ҳамин чароғи барқӣ дар пушти дар буда шуои дурусте ҳам надошт, пеши назар овард...
Ӯ фарзанди чоруми хонадон буд ва чун се бародари калонӣ аз пайи касби падар нарафт. Бобои Файз солҳои дароз чӯпон буд ва сари синаашро ордену медалҳо ҷило медоданд. Падар ҳамеша ба фарзандонаш гӯшрас менамуд, кӣ шахс новобаста аз мақому манзалати ба даст овардааш бояд касби хешро дӯст дорад, то луқмаи нони аз ҳамин ҳисоб ёфтааш ҳалол гардад.

пешина
аз 441
навбатӣ