Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Бархилофи бародарони калонӣ, ки аз рӯйи касби падар аз қафои рама рафтанд, баъди хатми мактаби миёна ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба техникуми савдо супорид ва ҳаёту мамоташро ба ҳамин соҳа бахшид. Чун замоне нонаш болои равған шуд, касби падар ва интихоби онро аз тарафи бародарон ба зери тозиёнаи танқид гирифта гуфт, ки аз қафои рама рафта, инсон ақлаш коста ва ҷаҳонбиниаш кам мешавад ва касби интихобнамудаи ӯ бошад, касби паёмбари Худост.
Он чӣ ки Ормон касби паёмбари Худоро интихоб намуд, падар шод нашуд, чунки хулқу атвори писар ва нафси бади ӯро падар дарк намуда буд. Падар ҳамеша вайро огоҳ мекард, ки кори савдо дасту дили покро тақозо мекунад ва ғадри ҳаққи мардум оқибати нек надорад...
Сараввал ӯ дар мағозаи деҳа мудир шуд ва дар муддати як соли кораш мошини сабукрави “Жигули” харид. Ва баъди хонадоршавиаш аз оилаи падар ҷудо шуд ва боз соле пас мошин ва хонаҳои дар деҳа доштаашро фурӯхта, дар шаҳр хона харид ва дар як мағозаи хӯрокворӣ ба кор даромад.
Шаҳрро ҳам чун деҳа бе дарвоза пиндошта, боз даст ба ғадри ҳаққи харидорон зад ва оқибат ба даст афтода, ба муддати панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуд ва хонаву дар ва молу амволашро ҳам мусодира намуданд. Ба қавле ҳама он чӣ ки бод оварда буд, боз ба коми бод рафт...
Чун аз маҳбас озод шуд, дар ташкилоти сохтмоние ба кор даромад. Боре сардори сохтмон ӯ ва мӯйсафеди Леонтевро ба хонаи яке аз судяҳои шаҳр ба кор фиристод ва муддати як моҳ онҳо дар хонаи судя Хуморов кор карданд. Беҳуда нагуфтаанд, ки гург гургро дар шаби тор ҳам мешиносад ва судя дар симои одами замоне дар маҳбас буда ҳамдилу ҳамрози хешро дид. Маҳз бо тавсияи судя Хуморов Ормон Файзро ёрдамчии экспидитор дар сохтмон таъин намуданд ва баъдтар ӯ соҳиби ҳамин вазифа шуд. Дар замони дар сари вазифа буданаш ӯ боре аз хизмати судя сар напечид ва хоҳиши судя барои вай аз ҳама амру фармонҳо боло меистод.
Ва онҳо ёру бародар шуданд.
Чун судяро ҳабс намуданд, ӯ рафтуомадро ба хонадонаш қатъ накард ва аз рӯйи имконияту шароит аз ҳолу аҳволи фарзандони Григорий Хуморов хабар мегирифт ва ба вазнинии шароит нигоҳ накарда, кумаки моддӣ мерасонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо