Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Сари фарзандони судяро сила намуда, “руҳафтода нашавед,” чунки падари шумо гуноҳе ҳам надошт ва бо туҳмат ӯро ба маҳкама кашиданд ва иншоолоҳ туҳматгарон ҳам рӯзе барои ин амали нопокашон ҷазо хоҳанд гирифт мегуфт ва дар дили фарзандон шуълаи умедро фурӯзон нигоҳ медошт. Тайи солҳои дар зиндон будан ӯ чанд маротиба ба аёдати собиқ судя рафт ва чун ҳамешагӣ ӯро раис мегуфт.
Григорий Хуморов ҳатто дар маҳбас ҳам мавқеи худро ёфт ва байни соҳибмансабони олами ҷиноӣ мақоми хешро пайдо намуда, соҳиби эҳтироми ҳамин гурӯҳҳо шуд. Ҳанӯз як сол қабл аз озодшавиаш ҳангоми яке аз вохӯриҳо, ки дар муҳити ниҳоят озод гузашт, аз Ормон Файз ташкили “корхонаи нав”-ро оид ба харид ва фурӯши маводи мухаддир пешниҳод кард ва ба вай дастур дод, ки ҳангоми ташкили корхона аз ёрии кадом ёру дӯстони дар озодӣ будааш истифода бурда метавонад. Аз ҳамин рӯз шумо Ормон Файзович мудири анбори ҳамин корхона ё агар бо забони амрикоиҳо гӯем, мудири анбори ҳамин синдикат.
Ӯ дар асоси дастуру нишондодҳои раиси то ҳанӯз дар маҳбас буда корро дар сатҳи баланд ба роҳ монд ва аз ҳисоби синдикат озодшавии меъмори идораро дар яке аз беҳтарин тарабхонаҳои шаҳр ҳамроҳи ёру дӯстони ҳамақида қайд намуда, номзади Хуморовро ба ҳайси раиси корхона ба овоз гузошт ва аҳли нишаст бе ягон дудилагӣ ба тарафдории номзади пешниҳодшуда овоз доданд.
Доираи фаъолияти Ормон Файз, қариб ки бе маҳдуд буд ва ӯ шахси дуюм дар “синдикат” ба ҳисоб мерафт ва аз ҳамин рӯ раис дар соя монд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ормон Файз ҷой ва мақоми хешро медонист ва бе маслиҳату машварати раис, ки ҳуқуқшиноси варзида буд, қадам намегузошт.
Ҳоло Ормон Файз дар байни ин чор девори бетонӣ ба ёд овард, ки чӣ хел раис барои ҷалби ноболиғон дар интиқоли маводи мухаддир зид баромада гуфта буд:
Макун бо кӯдаку бо ганда бозӣ, Ки худро оқибат шарманда созӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо