Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Ормон Файз он рӯз андеша накард ва бо чӣ азобе раисро ба ин амал розӣ кунонида тавонист...
-Натиҷаи пурсиш чӣ хел? – баробари пой ба остонаи дафтари кории сарвари милиса гузоштан пурсид Дастам Қосим.
-Ягон тағйироте нест.
-Дар бораи нафари аз зери борони тир гурехта чизе нагуфт?
-Гуфт он шахсро бори аввал дида буд ва ному насабашро ҳам намедонад.
-Ҳоло вай дар куҷо?
-Кӣ?
-“Весовшик”.
-Намедонам.
-Ӯро ёфтан лозим!
-Чаро?
-Шояд ба ин масъала рӯшанӣ андозад?
-Ин ғайриимкон аст
-Чӣ хел?
-Чунки вайро ба ҷуз мо дигарон ҳам мекобанд ва агар ин кор ба онҳо даст диҳад, беҳтар аст.
-Агар вайро дар шикасти амалиёт гунаҳкор созанд-чӣ?
-Барои ин онҳо далел надоранд ва ба замми ин ронанда шоҳиди ҳол буд, ки вай чӣ хел гурехт.
-Кори нағз шуд, ки Ормон Файз шиносоиро бо вай инкор карда гуфт, ки он кас дар бораи мавҷудияти бор тасаввуроте надошт ва умуман нафари аз зери борони тир гурехтаро пеш аз ин боре ҳам надидааст ва агар мефаҳмид он ҳама тирпарониҳо аз саҳнае беш набуд, дар ҷояш торс мекафид.
Эҳтимол гумон дорад, ки мо ҳоло ҳам Рураро ҷустуҷӯ дорем.
-Муҳим он аст, ки онҳо аз Рура доманагир нестанд ва агар Эрик дар соя монад, минбаъд ҳам мо метавонем ӯро дар чунин амалиётҳо истифода барем.
-Ба гумон аст, ки ӯ дигар барои иҷрои чунин амалиётҳо ҷони хешро ба хатар гузорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо