Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Пас муҳаббат куҷост ?
-Ишқи аввал ғураи сармозада...
-Гуфтаниед, ки сари зулфи Маргарита нашуд, сари зулфи дигаре...
-Охир ӯ барои нафаре, ки худашро ҳифз карда натавонистааст, як умр азо гирифта намегардад.
-Чунин шуданаш ҳам аз эҳтимол дур нест, вале ӯ дар муҳаббат аз Фарҳод кам нест.
-Дар ин бора чизе гуфта наметавонам ва нагуфтед, ки чаро боздоштшуда шефи асосиро пинҳон медорад, охир Рура моро бовар кунонида буд, ки мудири анбор роҳбари асосии синдикат нест.
-Ормон Файз гурги борондида аст ва чӣ будани ҷавобгариро дар ҷиноятҳои муташаккил медонад ва аз эҳтимол дур нест, ки синдикат ҳам барои чунин ҳолатҳо нақшаю чорабиниҳои махсусро ба тавсиб нарасонида бошад.
-Шояд гумон дорад, ки ҳаммаслаконаш ӯро аз ин варта берун меоранд.
-Кӣ медонад нақшаю чорабиниҳои синдикати ҷиноӣ барои аз варта баровардани нафари боздоштшуда равона шудааст ё баръакс барои тарсонидани вай?
-Ё онҳо қонуни нонавиштае доранд, ки нафари ба даст афтида агар гуноҳро пурра ба души хеш гирад ва бо ин васила дар пойдории синдикат саҳм гузорад, синдикат дар навбати хеш “хизмати” вайро дар тамоми давраи дар ҳабс будан аз рӯйи меъёри муайяншуда ҷуброн менамояд.
-Чунин ҳолатҳоро ҳам инкор карда наметавонем ва чун Ормон Файз дар синдикат одами тасодуфӣ нест, синдикат метавонад барои ҳифзи нафарони аз ӯ дар мақом болотар ҳукми олиро ҳам раво бинад.
-И концы в воду...
-Вайро ба СИЗО фиристем-чӣ?
-Боз чанд рӯз дар ин ҷо пеши чашмамон бошад беҳтар аст.
Фақат навбатдорони ИВС-ро дар ин бора огоҳ намудан лозим то назоратро дурусттар намоянд.
- Шояд санҷиши ин корро ба зиммаи дигар кас супоред?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо