Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Ҳамин хел одӣ, ду рӯз пеш шефи калони моро бо миқдори зиёди сафедӣ дастгир намуда, ба ҳабс гирифтаанд.
-Ту ӯро мешинохтӣ?
-Не, Додарбек гуфт.
-Набошад, ба худат ягон хатаре таҳдид намекунад?
-Намедонам, вале бор ҳам нест.
-Борро аз кӣ мегирифтӣ?
-Аз Додарбек.
-Хайр, ин хел бошад, ба наздаш рафта гӯй, ки борро диҳад, то ягон илоҷи корро бубинем.
-Ӯ борро аз мудир мегирифт, ва чӣ хеле гуфтам, мудир дар маҳбас.
-Ӯро ба СИЗО бурданд?
-Не, ҳоло он кас дар милиса.
-Додарбек захира надорад?
-Намедонам, вале дирӯз ӯро дидам, рангу рӯяш кандагӣ, гуфт агар мудир моро фурӯшад, хонаамон месӯзад.
-Инаш маълум, вале ту нафаҳмидӣ, ки ӯ аз он бор захира дорад ё не?
- Гуфт, кикамтар аз ним килограм афюн ва қариб се ҳазор дона чарс ҳаст.
-Хайр агар аз ҳамонҳо гирем-чӣ?
-Ҳоло сабр намудан лозим. Додарбек бояд Эрикро ёфта маслиҳат кунад.
-Ҳамон немисро?
-Ҳа, бечора Эрик ҳам базӯр ҷон ба саломат бурдааст, Милиса ҳангоми гурехтанаш як тирдонро аз қафояш холӣ намудааст.
-Кӣ инро дидааст, ё Додарбек он ҷо будааст?
-Не, ҳамаи инро ронанда Латиф дидааст. Латиф нақл кардааст, ки чӣ тавр Эрик дар зери борони тир гурехт.
-Моргазида аз банди ало метарсад, охир вай аллакай як маротиба дар “осоишгоҳ” буд.
-Ӯ, ки чӣ будани “осоишгоҳ” – ро медонист, ҷон ба каф гирифта гурехт ва худат, ки то ҳанӯз чӣ будани “осоишгоҳ” – ро намедонӣ, оқибати корро андеша накардӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо