Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Охир худат шоҳид, ки мӯйсафед маро шинохт ё ӯро ба гуфтушунид даъват мекардам?
- О, ту дар рӯят ниқоб доштӣ, пас чӣ тавр мӯйсафед худатро шинохт?
-Ӯ маро аз овозам шинохт, вақте ки ту дар хона пулҳоро ҷустуҷӯ доштӣ ва ман “муҳофизати” вайро ба душ гирифта будам.
-Муҳофизаташро ба душ гирифта, сипас ба синааш кордро халондӣ, ҳа?
-Хайр кор ҳамин хел шуд, насибаш ҳамин будааст.
-Насибаш, насибаш гуфта мешинӣ, о туро ба Хуҷанд фиристодам, ки нохост пеши ҳақу ҳамсояҳо худро бой надиҳӣ, рафту ягон рӯз милиса туро ҷеғ занад.
-Ҷеғ заданд, ҷеғ задан гиранд, ман мех барин устувор, ака.
-Метарсам, ки мех гуфта, назди милисаҳо чун хамир мулоим нашавӣ.
-Эй биёед, монед ин гапҳоро.
-Хайр, ман огоҳат намудам, боз нашавад, ки...
-Парво накунед, ака. Акнун мегуфтед, ки ба ман пул медиҳед ё не?
-Чӣ хеле гуфтам, ҳоло бозорамон касод. Ду-се рӯз сабр намо!
-Майлаш ду-се рӯз бошад, тоқат мекунам ва ин даъфа ба Русия меравам.
-Беҳтараш дар хона шин, дар кӯча ялоқ-ялоқ гаштанат хуб не ва мегуфтӣ, ки кордро дар куҷо мондӣ?
-Дар хона.
-Ту чӣ девона шудӣ, оё намефаҳмӣ, ки агар корд ба дасти милиса афтад, ҳоламон чӣ мешавад?
-Намеафтад, ман онро дар ҷое пинҳон намудаам, ки ба ҷуз худам касе онро наёбад.
-Хайр аз хона набаро, ҳоло дар ҳама ҷо облава.
-Дирӯз қаплоната25 дидам.
-Худам ҳам ду-се маротиба аз дур ӯро дидам.
Қаплон – маъшуқа (лаҳҷа).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо