Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Ӯ аз телефони сари роҳ ба куҷое занг мезад, гумон намудам ба худат занг мезанад.
-Не, ба ман занг назадааст
-Агар вохӯред-чӣ?
-Не, ҳар чӣ байни мо буд, гузашт. Ба замми ин, ман дигар ба рӯй вай бе ибо нигоҳ карда наметавонам ва агар ту он шаб мазаро аз қайла намегузарондӣ, шояд вохӯрӣ имконият дошт, вале акнун...
-Агар ман ба ҷой ту мебудам, ҳатман бо ӯ вомехӯрдам.
-Чунин вохӯрӣ баробари ба пойи хеш теша задан аст.
-Ӯ ягон чизро пай намебарад, худат бошӣ, тариқи вай аз кору бори милиса огоҳ мешавӣ.
-Гумон дорӣ, ки милиса асрори хешро ба вай гуфта медиҳад?
-Онҳо, албатта, аз рафти корашон бояд ҷабрдидаро огоҳ намоянд ва умуман беҳуда худат аз қаплонат дурӣ меҷӯӣ.
Чашмони фаттони духтарро намегӯед, ба фикрам, ӯ дар як нигоҳ ба дили ҳар мард пайкони муҳаббатро ҷо карда метавонад. Чӣ хел чашмони зебо дорад қаплонат, номаш чӣ буд?
-Зулайхо.
-Бе ягон муболиға Зулайхои ту аз Зулайхои ҳамсари Азизи Миср камӣ надорад.
-Акнун ба хона рав. Ман аз пайи гирифтани чипта мешавам ва туро ба Русия мефиристам. Ба кадом шаҳр рафтан мехоҳӣ?
-Ба Оренбург...
-Оё рост аст, ки дар ШКД –и ноҳияи Сарчашма ба нашъаҷаллобон зарбаи нишонрас заданд? - пурсид подполковники милиса Қамариддин Сафаров аз навбатдори РКД майори милиса Боронов.
-Рост, рост, рафиқ подполковник, чунон рост, ки вақте сари субҳ ман ҳисоботи шабонарӯзиро ба назди сардори раёсат бурдам, вай худаш онро хонда бовар накард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо